Замони баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия маълум шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешДни культуры Таджикистана в Москве
Дни культуры Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ин панҷумин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ҳадаф аз он шиносоии бештар бо санъату ҳунари ҳамдигар арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия 24 октябри соли равон дар назар аст, хабар дод "Ховар" аз қавли сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Мирзоолим Саидов.
Ба гуфти Саидов, баргузории Рӯзҳои фарҳанг замина барои боз ҳам бештар шинос шудан бо фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба гирифтан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг мебошад.
Манбаъ таъкид кардаст, ки ин панҷумин Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.
В гостях у Sputnik Таджикистан финалист международного музыкального шоу Ну-ка, все вместе!, X-Factor Беларусь Фахриддин Хакимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2022
Фахриддин Ҳакимов: Ҳангоми сурудхонӣ бештар дар бораи зодгоҳам Тоҷикистон фикр мекунам
Қаблан Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия се бор - солҳои 2005, 2011, 2015 ва 2018 баргузор гардида буданд. Дар расми ифтитоҳи нахустин чорабинӣ дар соли 2005, президенти ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок дошт.
Ин дар ҳолест, ки Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон 5 бор - солҳои 2005, 2010, 2014, 2017 ва 2021 баргузор гардида буданд.
Дар чорабинии охир, ки моҳи июни соли 2021 дар Тоҷикистон баргузор шуда буд, ба мардуми тоҷик намоиши "Тӯли Вологда" пешниҳод шуд. Дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнии шаҳри Душанбе ва дар қасри фарҳанги Данғара театри рақсии "Гжел"-и Маскав ва дигар фарҳангиёни Русия ҳунарнамоӣ карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0