Аврупо Русияро суперсилоҳ дод

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкТрубопровод Gazela для транспортировки российского газа в ЕС
Трубопровод Gazela для транспортировки российского газа в ЕС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
Обуна шудан
Мушкилоти газ дар Аврупоро, ки дар моҳҳои охир ба вуқуъ пайвастааст, метавон ба таври ҳақиқӣ мавзуи рақами яки энержӣ номид
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik, Сергей Савчук. Бо таваҷҷуҳ ба шиддати истерияи иттилоотӣ ва сиёсӣ, ки талошҳои даст кашидан аз гази Русия ва ё ҳадди ақал коҳиши вобастагии Русияро ҳамроҳӣ мекунад, акнун як ҳайати ғарибон метавонад дар ҷое дар минтақаи Ҳанновер барои барқарории тамос фуруд оянд ва касе ба он таваҷҷуҳи вижае намедиҳад.
Бо вуҷуди ин, ҳадаф комилан фаҳмо аст.
Дирӯз аз 2100 доллар оғоз шуд. Ҳазор метри мукааб гази табиӣ дар биржаи гази аврупоии TTF ҳамин қадар арзиш дорад. Ин рақам рекордӣ нест, балки барои ҳар буҷаи давлате ниҳоят дарднок аст, аммо касе тасаввур карда наметавонист, ки то ғуруби офтоб ҳамон миқдор сӯзишворӣ аллакай ба 2500 доллар мерасад.
Пас аз изҳороти “Газпром”, ки гуфт, интиқоли газ аз тариқи “Маҷрои шимолӣ” то 20 дарсади иқтидори тарҳи лӯла коҳиш ёфтааст, қимат боло рафт. Матбуоти ғарбӣ дубора ба Русия ҳамла кард, ки он интиқолдиҳандагони энержиро ҳамчун як силоҳи гибридӣ, фишанг барои пешбурди манфиатҳои сиёсати хориҷии худ ва онро барои пароканда кардани ваҳдати Аврупо истифода мебарад.
Газокомпрессорная станция Gascade в Айслебене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Русия интиқоли газ ба Аврупо тавассути "Маҷрои шимол"-ро қатъ кард
Интиқоли газ тавассути магистралӣ дар қаъри баҳри Балтика на дар доираи нақшаи маккоронаи Ситоди генералии Русия, балки аз он сабаб коҳиш ёфтааст, ки агрегати дигари газкашӣ барои таъмири нақшавӣ бароварда шуд. Бо назардошти он ки дар тамоми масир то соҳили Олмон пойгоҳи компрессорӣ мавҷуд нест, физика интиқолро аз 164 миллион метри мукааб дар як шабонарӯз ба 30 миллиону чанде кам кард.
Бояд гуфт, ки ин серияи дуюми трагикомедия мебошад, ки дар ғарби Смоленск мегузарад.
Дар давоми як моҳи охир тамоми Аврупо саргузашти турбинаи якумро, ки “Siemens Energy” (бо тавсияи “Ростехнадзор”, ки бо он комилан розӣ буд) хомӯш карда ва барои таъмир ба Канада фиристод, бодиққат пайгирӣ кард. Оттава бо дархости Вашингтон, ин воҳидро бо баҳонаи сиёсати таҳримҳои зидди Русия боздошт карда, аз додани он худдорб намуд, то он замоне ки вазъ дар бозори гази Олмон ва дар маҷмуъ дар Аврупо печида шуд. Берлин баъди гуфтушуниди тӯлонӣ тавонист, ки моликияти худро баргардонад ва фақат тахмин кардан мумкин аст.
Вале турбина ба пойгоҳи компрессории гази Портовая нарасид. Олмон бори дигар Русияро муттаҳам кард, ки намехоҳад турбинаро бигирад ва ба ин далел иҷрои асноди гумрукиро ба таъхир меандозад. Дар посух "Газпром" комилан оқилона посух дод, ки вазъи кунунии агрегат ва маҳдудиятҳои эҳтимолии минбаъдаро, ки ҳангоми истифодаи лӯлаи газ ва нигоҳдории инфрасохтори он ба вуҷуд меоянд, дарк намекунад.
Масалан, то ҳол комилан рӯшан нест, ки оё Канада имкон медиҳад, турбинаҳои боқимондаи “Siemens” ворид, таъмир ва бидуни мамониат баргардонида шаванд ё барои бозгардонидани онҳо бархӯрд ва ҳамчунин замон ниёз дорад. Гузашта аз ин, тибқи талаботи экспертизаи техникӣ, ки ҷониби Олмон эътироф кардааст, дар моҳҳои наздик агрегатҳои боқимондаи компрессории газ бояд таъмир шаванд.
Флаг перед Рейхстагом в Берлине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2022
Расонаҳо: Норасоии газ дар Олмон иқтисоди тамоми Иттиҳоди Аврупоро ба қафо мекашад
Суолҳои “Газпром” комилан мантиқӣ ҳастанд: ширкат бояд уфуқи истеҳсол ва истихроҷро дарк кунад, зеро гази табиӣ ангишт нест, онро дар бандари ирсолӣ ҷамъ кардан мумкин нест ва имкони мунтазири иҷозати содироти он вуҷуд надорад, он ба таври қатъӣ дар ҳаҷми шартномавӣ истихроҷ ва интиқол дода мешавад, ки аз пеш маълум аст.
Тамоми моҳи гузашта зери талабҳои Комиссияи Аврупо гузашт, ки амалан аз кишварҳои узви паймон барои 15 дарсад коҳиш додани истеъмоли газ талош кардааст. Бо дарназардошти он ки тамоми минтақаи евро дар як сол 396,6 миллиард метри мукааб сӯзишвории кабуд масраф мекунад, мақомоти аврупоӣ бояд бифаҳманд, ки чӣ гуна бидуни халалдор кардани саноати ҳар як кишвари алоҳида тақрибан 60 миллиард метри мукаабро сарфа намоянд.
Барои дарки он ки вазъи кунунӣ то чӣ андоза вазнин аст, гуфтан кифоя аст, ки лоиҳаро қариб дарҳол як қатор кишварҳо барҳам заданд, вале ҳукуматҳояшон дар математикаи нави энергетикӣ ҷавоби қобили қабул пайдо карда натавонистанд.
Ин дафъа на Маҷористон, садои абадии Аврупо, балки Испания, Португалия, Италия ва Юнон низ, ки ҳамеша ҳамчун фронти ягонаи ризоият амал мекарданд, алайҳи ихтилофандозон мақеъ гирифтанд. Мақомоти умури молӣ ва энергетикҳои маҳаллӣ нафаҳмидаанд, ки чӣ гуна зимистонро бе гази Русия, бидуни ях кардани қисмате аз аҳолӣ ва корхонаҳои худ мегузаронанд. Муноқиша чунон тӯлонӣ ва бенатиҷа буд, ки дар натиҷа Шӯрои Аврупо аз тасвиби лоиҳа худдорӣ ва қарор кард, ки кишварҳо бояд ин гуна тасмимҳоро ба таври инфиродӣ гиранд, на бо қарори аксарияти Брюссел. Воқеан, ҳоло мо шоҳиди шикасти ваҳдати пурифтихори аврупоӣ ҳастем, ки дар аввалин таҳдид ба манфиатҳои миллии инфиродӣ дарз шуда буд.
Аврупо гаравгони сиёсати ИМА мебошад. Аз як тараф, аъзои иттиҳоди Ғарб, воқеан, мехоҳанд русҳои якрав ва бепарворо муҷозот кунанд. Аз тарафи дигар вазъият чунон тезутунд шуда истодааст, ки агар Австрияи бар фархи мисол, фардо истиқлоли худро намоиш диҳанду кӯшиш кунад, ки дар масъалаи таъмини энержӣ бо Маскав алохида гуфтушунид мекунад, фавран хоинаш эълон мекунанд.
Норасоии газ мисли доғи зангзадаи рӯи метал берун аз минтақаи евро паҳн мешавад. Рӯзи дигар аз Киев ба Амрико муроҷиатҳо шунида шуданд, ки барои демократияи ҷавон як навъ "қарз-иҷораи газ" ташкил кунанд. Тибқи ҳисобҳои мутахассисони маҳаллӣ, барои зинда мондан ва гузаштан аз давраи тирамоҳу зимистон Украина ба гази моеи амрикоӣ ба маблағи даҳ миллиард доллар ниёз дорад. Бо дарназардошти он ки ҳама терминалҳои LNG дар Иёлоти Муттаҳида дар ҳадди ниҳоии худ кор мекунанд ва кӯмаки пулӣ ба Украина кам мешавад, дар ҳоле ки хоҳиши Киев, ки ягона бандари дорои коркарди газ надорад, мисли орзуи сайругашт дар Миррих бе скафандр аст.
Газокомпрессорная станция Gascade в Айслебене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Захоири газ дар Олмон танҳо барои як ё ду моҳ басанда аст
Ба эътиқоди коршиносон, сатҳи зиндагӣ дар Иттиҳодияи Аврупо аз ҳисоби сарфаи газ поин хоҳад рафт.
Ҳалли соддатарин роҳандозии нерӯгоҳи “Nord Stream 2” аст, ки иқтидори 55 миллиард метри мукааби он, агар ҳамаи мушкилотро ҳал накунад, шиддати буҳронро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш медиҳад.
Мо тамошобинони саҳнаи беназири таърихӣ мебошем. Дар пеши назари мо як масхарабозии бузурге ба вуқуъ мепайвандад, ки сиёсатмадорони русбадбин аз шаҳрвандони худ талаб мекунанд, камтар шустушӯ кунанд, дар миёни гармои июл кондитсионерҳоро хомӯш кунанд, аз мошин ба дучарха гузаранд ва бо ҳар роҳ ба Русия зарар расонанд. Тазоди ҳалнашаванда байни хоҳишҳо ва воқеият дар он аст, ки ҳеҷ чиз ивазкунандаи энергетикии Русия нест. Ҳеҷ як минтақа ё кишваре розӣ нашудааст, ки ҳадди ақал нисфи содироти Русияро иваз кунад ва кишварҳое мисли Арабистони Саудӣ ҳатто ба нафтчиёни мо пешниҳод мекунанд, ки талошҳо ва ҳаҷми истеҳсолотро ҳамоҳанг созанд.
Мамлакати моро ба истифода бурдани гази табиӣ ба сифати аслиҳа он қадар айбдор мекунанд, ки ин тарси асосӣ ба воқеият табдил ёфтааст. Аҷиб ин аст, ки Русия барои ин комилан ҳеҷ коре накардааст.
Лентаи хабарҳо
0