Ҳасрати Кабулов аз набудани Масъуди калонӣ ва тавсия ба писараш

 Ахмад Шах Масуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, Аҳмадшоҳи Масъуд на танҳо пешво ва намояндаи мардуми Панҷшер, балки сарвари мардуми Афғонистон низ буд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Афсӯс, ки Аҳмадшоҳ Масъуд нест, ба Афғонистони кунунӣ чунин бозигарон намерасанд, гуфт Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон зимни як нишасти матбуотӣ.
Ба андешаи ӯ, бо ҳузури Масъуд мувозинати оқилонаи этникӣ беҳтар мешуд.
"Аҳмадшоҳи Масъуд як шахсияти фавқуллода буд, танҳо намояндаи мардуми Панҷшер набуд, нисбат ба кишвараш назари фарох дошт. Набудани ӯ дар Афғонистон бисёр таассуфовар аст. Зеро дар Афғонистон раҳбаре мисли Аҳмадшоҳи Масъуд намерасад", - гуфт Кабулов.
Мавсуф гуфт, агар Масъуд зинда мебуд, шояд афғонистониҳо зиндагии беҳтаре медоштанд.
Ба таъкиди вай, дар замони ӯ мувозинати байни қавмҳо беҳтар аз ҳоло буд.
Кабулов дар мавриди Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфт, ки ӯ ҳоло ба сатҳи раҳбарӣ нарасидааст.
"Масъуди хурдӣ зоҳиран то ҳол ба сатҳи раҳбарӣ рушд накардааст ва мушоҳида нашудааст, ки ӯро ҳама ҳамчун сарвар эътироф кунанд",- гуфт ин дипломат.
Ӯ гуфт, толибон барояш изҳор доштаанд, ки омодаанд, бо Масъуд суҳбат кунанд, агар ӯ омода бошад, шояд ба як навъ намояндагӣ умед баста метавонад, аммо барои ин бояд ҷангҳои чирикиро қатъ кунад.
Ба ақидаи Кобулов, Масъуд бояд ҳукумати қавмӣ-сиёсӣ ташкил кунад ва дар ин замина имкон дорад, ки узви ҳукумати нави Афғонистон бошаду ба халқаш хидмат кунад.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Паёми тозаи Аҳмад Масъуд: Ҳарфи толибон ба мо таслим ва байъат буд
Ин дар ҳолест, ки ахиран раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон зимни як мусоҳибааш гуфт, толибон иродаи гуфтушунид надоранд.
Ӯ гуфт, дидор ва суҳбатҳое, ки бо намояндагони ин гурӯҳ дошт, танҳо таъкидашон ба таслим шудан аст ва ҳатто пешниҳоди мансаб низ кардаанд.
Аммо ӯ гуфт, ки ин ҳақхоҳӣ набарди Аҳмад Масъуд нест ва он аз кулли мардуми Афғонистон аст, то дидгоҳашон, ҳуқуқашон ба назар гирифта шавад.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд умдатарин нерӯи низомиву сиёсиест, ки бо ҳукумати толибон ҳам дар майдони ҷанг ва ҳам мизи музокирот рӯ ба рӯ аст.
Аввалин гуфтушунидҳои сулҳ миёни толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳанӯз моҳи августи соли гузашта баргузор шуд, аммо ба натиҷа нарасид.
Пас аз суқути дараи Панҷшер дар моҳи сентябри ҳамон сол равобити сиёсӣ миёни онҳо қатъ ва моҳи январи соли равон дубора барқарор шуд. Аммо музокироте, ки дар Теҳрон сурат гирифт, низ натиҷае ба бор наовард.
Аҳмад Масъуд гуфт, ки дари музокира бо толибон боз аст, аммо ин гурӯҳ хоҳони шунидани ҳарфи мардумро нест ва танҳо хостаҳои худро пеш мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0