Афзоиши дубаробарии мусофиркашонӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон тайи ним соли ахир

© Pixabay/SkitterphotoАэропорт, терминал
Аэропорт, терминал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳама фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ ба беш аз 1,3 миллион мусофир дар самтҳои дохиливу хориҷӣ хидмат расонидаанд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи соли 2022 ба беш аз 1,3 миллион мусофир фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон хидмат расонидааст, хабар медиҳад Агентии авиатсияи граждании кишвар.
Ба гуфтаи Дилшод Сафарзода, директори ин ниҳод, ин нишондиҳанда 790,8 ҳазор мусофир афзоиш ёфтааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 2,5 баробар зиёд аст.
Танҳо ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 731 000 нафар, ки 56% шумораи умумиро ташкил медиҳад, рост меояд. Ин баландтарин нишондод дар байни фурудгоҳҳои дигар аст.
ОАО Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
“Тоҷик эйр” барҳам мехӯрад? Мақомот аз муфлисшавию раҳбари ширкат аз умеди парвоз мегӯяд
Аз ҷиҳати шумораи мусофирон фурудгоҳи Хуҷанд дар ҷои баъд аст. Аз аввали сол он 366,9 ҳазор касро қабул ва гусел кардааст, ки ин 28,2%-и шумораи умумиро ташкил медиҳад.
Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба 149,3 ҳазор мусофир (11,5%) ва аз шаҳри Бохтар ба 22 ҳазор мусофир хизмат расонидааст, ки 4,3% мебошад.
Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии “Сомон Эйр” гуфт, ки дар аз шумораи мумумӣ дар самтҳои дохиливу хориҷӣ ба 234,3 ҳазор мусофир хизматрасонӣ кардааст.
Ин рақам нисбат ба соли 2021 71,5% ё 97,7 ҳазор мусофир зиёд мебошад.
Ширкати дигари ҳавопаймоии ватанӣ – "Тоҷик Эйр" дар соли 2022 парвозҳо анҷом надод, ки ин ба вазъи молиявии он таъсири манфӣ расонд. ГУфта мешавад, ширкат дар ҳоли варшикастагӣ қарор дорад ва барои парвоз ягон ҳавопаймо низ надорад.
Лентаи хабарҳо
0