Раҳбари МТС гуфт, Тоҷикистон Аҳдномаи дӯстии кишварҳои ОМ-ро имзо мекунад

© PixabayПодпись документов
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бо назардошти ҳамкориҳои муштараку муҳим Тоҷикистон санади Аҳдномаи дӯстии кишварҳои Осиёи Марказиро имзо хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тоҷикистон санади Аҳдномаи дӯстии кишварҳои Осиёи Марказиро имзо мекунад, гуфт, Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии кишвар зимни нишасти хабарияш.
Дар робита ба Созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ӯ таъкид кард, ки пас аз гузашти расмиёти давлатӣ ба тасвиб расидани он дар назар аст.
"Ҳатто дар сурати мавҷуд будани ин мушкилот, имзои он имконпазир аст. Ин созишнома барои ҳамкориҳои муштараки кишварҳои минтақа хеле муҳим аст", - гуфт Усмонзода.
Маврид ба зикр аст, ки санади дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI аз ҷониби сарони се давлати минтақа Ӯзбекистон Қазоқистон ва Қирғизистон ба тасвиб расид.
Сарони Тоҷикистон ва Туркманистон гуфтанд, ки аҳдномаи мазкурро пас аз расмиёти дохилӣ имзо хоҳанд кард.
Четвертая Консультативная встреча глав государств Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоҷикистону Туркманистон Созишномаи дӯстиро кай имзо мекунанд?
Ҳамчунин маълум нест, ки маҳз кай имзои ин санади дӯстӣ, ки истифодаи нерӯи низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ алайҳи ҳамдигарро мамнӯъ мекунад, сурат мегирад.
Бар асоси ин санад, ҳамин тариқ, давлатҳои имзокунанда ӯҳдадор мешаванд, ки ҳама гуна масъалаҳои баҳснокро танҳо бо роҳи дипломатӣ ҳал кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар чаҳорумин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи амният дар пайи ҳаводиси Афғонистон ва ҳаводиси марзӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз муҳимтарин мавзӯъҳо буд.
Нишасти навбатии панҷуми машваратӣ дар ҳамин шакл тобистони соли 2023 дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0