Дар Русия мехоҳанд ба далели куштори пурсарусадо назорат бар муҳоҷиронро пурзӯр кунанд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксМеры безопасности в московском метро
Меры безопасности в московском метро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Пешниҳоди пурзӯр кардани назорат болои муҳоҷирон дар Русия аз ҷониби вакилони ЛДПР пешниҳод шудааст: онҳо бар зарурати риояи Қонуни ихроҷ таъкид кардаанд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Ҳизби либерал-демократии Русия пешниҳод кардааст, ки назорат бар ҳузури муҳоҷирон дар Русия пурзӯр карда шавад. Ин пешниҳод дар Telegram-канали ҳизб нашр шудааст.
Қатли ваҳшиёнаи духтар дар Новосибирск вакилонро ба чунин тасмим водор кардааст. Дар ноҳияи Нижняя Елтсовка як зодаи 27-солаи Тоҷикистон аз рӯи рашк маъшуқаи 17-солаашро дастикам 15 корд задааст.
Сиёсатмадорон таъкид карданд, ки муҳоҷир аллакай барои содир кардани ҷинояти мушобеҳ суд шуда, муҳлати адои ҷазоро гузаронида ва инчунин ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Меры безопасности в московском метро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Афзоиши мизони ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия
Илова бар ин, модари духтари марҳум се маротиба ба пулис муроҷиат карда, хабар додааст, ки ҷавон духтарашро таҳдид мекунад.
"Аммо бо кадом сабабҳо ҳамаи инҳо сабаби ихроҷи ӯ аз Русия нашуданд", - изҳор доштанд сиёсатмадорон.
Онҳо қайд карданд, ки Русия як кишвари меҳмоннавоз аст, ки "ба воридоти ҷиноят ниёз надорад". Дар баробари ин бояд қонуни ихроҷ ва манъи вуруд қатъиян риоя карда шавад.
"ҲЛД дар сатҳи қонунгузорӣ дар бораи пурзӯр кардани қоидаҳои ихроҷи иҷбории муҳоҷирон ва пурзӯр кардани назорат бар будубоши онҳо дар Русия пешниҳодҳо омода хоҳад кард", - таъкид карданд вакилон.
Онҳо даъват карданд, ки масъалаи ҷорӣ кардани муоинаи ҳатмии наркологии ҳар семоҳа аз ҳисоби худ барои он хориҷиёне, ки дар Федератсияи Русия зиёда аз 3 моҳ кору зиндагӣ мекунанд, муҳокима карда шавад.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар нимаи аввали соли 2022 дар Федератсияи Русия шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда афзоиш ёфтааст, ки 9,5% нисбат ба ҳамин давраи соил 2021 зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0