Таҳдиди ба ҳамсояҳо: шумораи даҳшатноки террористон дар Афғонистон ошкор шуд

© Sputnik Вооруженные боевики
Вооруженные боевики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
Обуна шудан
Бо вуҷуди иқдомоти ҷиддии толибон алайҳи террористон шумори онҳо дар Афғонистон босуръат меафзояд, мегӯяд намояндаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар Афғонистон шумори ҷангҷӯёни созмони террористии "Давлати исломӣ* се баробар афзуд.
Дар ин бора ба хабарнигорон намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, директори департаменти дуюми Осиёии Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кабулов изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз ба қудрат расидани толибон дар ҷумҳурӣ фаъолияти террористон афзоиш ёфтааст. Сарфи назар аз чорахои сахт шумораи аъзоёни ДОИШ* аз 2000 ба 6000 нафар расид.
Кабулов таъкид кард, ки чунин падида манфитарини инкишофи вазъияти Афғонистон аст.
"ДИИШ* мисли пештара ба ноором кардани на танҳо Афғонистон, балки ҳамсоягони он низ тамаркуз кардааст", - гуфт дипломат.
Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфта буд, ки террористҳои байналмилалӣ метавонанд аз Афғонистонро барои ташкили як шабакаи пинҳонии ҷиҳодӣ ва ворид шудан ба кишварҳои ҳамсоя истифода кунанд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ идеологияи радикализми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромарзӣ густариш ёфта истодааст, таъкид кард ӯ.
Московский формат консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Мирзиёев аз толибон даъват кард, ки равобитро бо террористҳо қатъ кунанд
Ҳамчунин гузоришҳои СММ ва нозирони байналмилалӣ аз он шаҳодат медод, ки дар ин киҳшвар на танҳо ДИИШ* балки Ал-Қоида* низ ба таври густурда фаъол мешавад, ки бо толибон дар ҳамдастӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки бо ба сари қудрат омадани толибон Афғонистонро бӯҳрони ҷиддии башардӯстонаро фаро гирифт. Бар асари мунҷамидсозиидороиҳои хориҷӣ кишвар қариб бепул монд ва рафтани оммавии мутахассисон боиси таназзули қариб тамоми хонаҳо гардид.
Вазъияти иқтисодии Афғонистон бо суръати тез бад мешавад: нархи озуқа ва сӯзишворӣ баланд мешавад, садҳо ҳазор нафар одамон аз кор маҳрум шуда, низоми молӣ рӯ ба таназзул дорад.
Шароити номусоид ба афзоиши ҷиноят, терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ки ба амнияти кишварҳои дигар таҳдид мекунад, мусоидат мекунад.
*- ташкилотҳои террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0