Усмонзода: Гирифтани шаҳрвандии Русия барои тоҷикон оқибати ногувор надорад

© Sputnik / Максим БлиновСотрудник ПФР держит в руках паспорт РФ.
Сотрудник ПФР держит в руках паспорт РФ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Маркази тадқиқоти стратегии кишвар гуфтааст, қабули шаҳрвандии Русия аз сӯйи тоҷикон наметавонад ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар монеа шавад
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Хайриддин Усмонзода, мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон зимнии нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки қабули шаҳрвандии Русия аз сӯйи тоҷикон гувоҳи риояи принсипи озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон дар кишвар аст.
Вай қайд кардааст, ки ин тамоюл барои ояндаи Тоҷикистон хатаре надорад.
“Қабули шаҳрвандии Русия аз ҷониби зодагони Тоҷикистон пеш аз ҳама дар асоси созишномаи дуҷониба сурат мегирад. Ин гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон принсипи озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон риоя мешавад. Дар ҳолате, ки кишварҳои мо созишномаи шарикии байналмилалӣ доранд, ин ҳолатҳо наметавонад,ки оқибати ногуворро ба бор орад”, - гуфт Усмонзода
Рейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Танқисии омӯзгорон дар Хатлон: ду ҳазор муаллим ба муҳоҷират рафт
Ҳамзамон раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон таъкид кард, ки қабули шаҳрвандии Русия аз сӯи зодагони Тоҷикистон наметавонад, ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар монеа шавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон дар кишвар норасоии кадрҳо дар соҳаи маориф 3400 омӯзгор ва дар соҳаи тандурустӣ 2960 табиб ва 1340 нафар ҳамшираи шафқатро ташкил медиҳад.
Роҳбарони вазорати тандурустӣ ва маориф қайд карданд, ки сабаби норасоии кадрӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани кадрҳо рабт дорад.
Тибқи маълумоти расмии Русия, дар шаш моҳи охир 74 ҳазору 162 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, ки ин дар як рӯз 410 нафарро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0