Зубетс тавонотарин омили ҳавасмандгардонии иқтисоди Тоҷикистонро гуфт - видео

Обуна шудан
Ба бовари коршинос, Тоҷикистон дар заминаи иқтисод дорои потенсиали бузург аст ва ба болоравии қобили мулоҳизаи он ворид шудани кишвар ба ИИАО мусоидат мекунад
Барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ Тоҷикистон ба воридоти маблағ ва сармоя ниёз дорад, ки дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё имконпазир аст.
Ин андешаро ба Sputnik Тоҷикистон директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодии Донишгоҳи молии Федератсияи Русия, доктори улуми иқтисод Алексей Зубетс баён кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар шароити муосир, ки оқибатҳои пандемия дар иқтисоди ҷаҳонӣ бартараф шуда ва он дар ҳоли рушд аст, талабот ба маҳсулоти мухталифи тавлиди Тоҷикистон афзоиш меёбад.
"Аз як тараф вазъи содирот мусоид аст, вале бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки мутаассифона, тиҷорати хориҷии Тоҷикистон кам боқӣ мемонад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, касри савдо хеле зиёд буда, маблағи калон дар як солро ташкил медиҳад. Ва ин мушкилотест, ки ҳукумати кишвар ва соҳибкорон бояд ҳал кунанд.
Вай гуфт, ки иқтидори гидроэнергетикаи Тоҷикистон миёни кишварҳои пасошӯравӣ пас аз Русия дар ҷои дуввум қарор дорад. Илова бар ин, кишвар аз сарватҳои табиӣ бой аст.
Дар ҷумҳурӣ амалан тамоми чадвали даврӣ, конҳои калони металлҳои ранга ва дигар ашёи хоми ғайриметаллӣ мавчуданд, ки барои бозорҳои хориҷӣ таваҷҷуҳбарангез буда метавонанд.
Суръати рушди иқтисод дар Тоҷикистон кунд шудааст
Самти дигари рушди иқтисоди Тоҷикистон бояд сохтмони роҳҳо бошад, ки кишвар ба ин васила метавонад содироти худро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш диҳад ва воридоти хориҷиро мувозинат кунад, мегӯяд коршинос.
Алексей Зубетс таъкид кард, ки яке аз қадамҳои муҳими таъмини ҳамгироии иқтисоди Тоҷикистон ба иқтисоди авруосиёӣ бояд вуруди эҳтимолии давлат ба ИИАО бошад.
"Фикр мекунам, ки ин як иқдоми муҳими ҷиддӣ барои ҳавасмандгардонии иқтисоди ҷумҳурӣ хоҳад буд", - афзуд ҳамсӯҳбат.
Лентаи хабарҳо
0