Афзоиши медалҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ

© Комитет по делам молодежи и спорта РТПредседатель комитета по делам молодежи и спорта Таджикистана Абдулло Рахмонзода
Председатель комитета по делам молодежи и спорта Таджикистана Абдулло Рахмонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Обуна шудан
Гирифтани медалҳои тило аз сӯйи варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар нимсолаи аввали соли равон 2 баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 269 медалро ба даст овардаанд, хабар дод Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ дар ҷамъбасти нимсола.
Ба иттилои манбаъ, ба хазинаи варзишии Тоҷикистон тайи нимсолаи аввали соли равон аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 64 медали тило, 77 медали нуқра ва 128 медали биринҷӣ ворид шудаст.
Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш мегӯяд, варзишгарони тоҷик дар нимсола нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 медали тило, 43 медали нуқра ва 97 медали биринҷӣ бештар гирифтаанд.
Раҳмонзода дар мавриди он, ки чаро варзишкорони тоҷик дар мусобиқаҳои маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ наметавонанд, медал гиранд, изҳор дошт, ки ин ба омодагии руҳию равонӣ рабт дорад.
Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2022
Аз Беларус то Испания: легионерҳои тоҷик дар куҷо бозӣ мекунанд?
Ӯ таъйид намуд, ки баъзан варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои дохилӣ фаъоланду ҳунарнамоии хуб доранд, аммо баъзан дар хориҷи кишвар зуд мағлуб мешаванд. Раҳмонзода гуфт, барои тағйири вазъ бояд бештар ба омодагии руҳию равонии варзишгарон таваҷҷуҳ кард, чун тайёрии ҷисмонию тактикияшон хуб аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон барои медал аз мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ мукофотпулӣ таъйин шудааст.
Аз ҷумла барои ҷойҳои якум дар бозиҳои олимпӣ 300 ҳазор сомонӣ, барои қаҳрамонии ҷаҳон 250 ҳазор сомонӣ, барои бозиҳои осиёӣ 150 ҳазор сомонӣ ва барои қаҳрамонии Осиё 75 ҳазор дода мешавад. Барои ҷойҳои дуюму сеюм дар ин мусобиқаҳо маблағҳои камтар пешбинӣ гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0