Чаро ягона гроссмейстери тоҷик наметавонад Ватанашро дар чемпионат муаррифӣ кунад?

Таджикский гроссмейстер Амонатов выиграл блицтурнир в Петербурге
Таджикский гроссмейстер Амонатов выиграл блицтурнир в Петербурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Обуна шудан
Ҳоло гроссмейстер Фаррух Амонатов худро ба шуғли мураббигӣ бахшидааст. Шоҳмотбози тоҷик мураббии дастаи занонаи Ҳиндустон шудааст
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Фаррух Амонатов ба далели шуғлаш ба мураббигӣ наметавонад Тоҷикистонро дар олимпиадаи шоҳмот намояндагӣ кунад. Ҳоло ягона гроссмейстери тоҷик ба тайёр кардани тими занонаи Хиндустон ба ин мусобиқа машғул аст.
"Амонатовро дар Ҳиндустон хеле эҳтиром ва қадр мекунанд. Боиси хушнудист, ки як тоҷик дастаи мунтахаби кишвар - зодгоҳи шоҳмотро роҳбарӣ мекунад", - гуфт Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон.
"Агар дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекард, судаш ба кишвар сад баробар бештар мешуд. Дар атрофаш ҷавонони умедбахш ҷамъ мешуданд, тарбия меёфтанд. Вале ӯ дер боз дар Русия кору зиндагӣ мекунад", - таъкид кард Юнусов.
Маврид ба зикр аст, ки Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Ченнаи Ҳиндустон аз 28 июл то 10 август баргузор мешавад. Дар соли 2022 шумораи рекордии дастаҳо - 187 тими мардон ва 162 дастаи занон вориди рақобат мешаванд.
Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар зинаи 86-ум бо 2242 хол қарор дорад. Ба ин тим, Муҳаммад Хусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Мустафохӯҷа Хусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов, Ҷалолиддин Илҳомӣ ва сардори даста Хисориев Шораҳмат шомил мебошанд.
Шахматист Фаррух Амонатов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Эҳтимоли ширкати гроссмейстери машҳури тоҷик дар олимпиадаи шоҳмот
Дастаи занонаи кишвар бо 1775 хол дар зинаи 80-ум қарор дорад, ки Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова, Лидия Антонова ва капитани даста Саодат Одинаева дохил мебошанд.
Дар ин сафар дастаҳои Тоҷикистонро раиси ҳайат Хуршед Ватанов ҳамроҳӣ мекунанд. Олимпиада инчунин мусобиқаҳои кушод ва сабқати занон ва инчунин якчанд чорабиниҳоро дар бар мегирад, ки ба оммавӣ кардани шоҳмот нигаронида шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0