Омодагии Хатлон ба бурузи эҳтимолии коронавирус дар вилоят

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонКурбон Хакимзода, глава Хатлонской области
Курбон Хакимзода, глава Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Обуна шудан
Раиси Хатлон мегӯяд, ки дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят 2 беморхона ва 23 шуъбаи сироятӣ барои қабули беморони эҳтимолии мавҷи ҷадиди коронавирус омоданд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ қайд кардааст, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2 адад беморхонаи сироятӣ ва 23 адад шуъбаҳои сироятӣ фаъолият намуда, дар онҳо 1469 адад кат барои беморони эҳтимолии сирояти нави коронавирус омода карда шудаанд.
Вай афзуд, ки дар вилоят 4 маркази вирусологӣ фаъолият менамоянд, ки дар давоми шашмоҳаи аввали соли равон 17923 намунаи маводҳои биологӣ барои дарёфти барангезандаи бемории COVID-19 мавриди озмоиш қарор дода шуда, ягон нафар бо илтиҳоби шуш ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳакимзода қайд кард, ки соли 2022 дар заминаи озмоишгоҳи вирусологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят 1 нафар мутахассиси ҷавон курси интернатураро оид ба ташхиси бемориҳои вирусӣ бо усули ташхиси вирусологӣ гузашта, 2 нафар дар хориҷи кишвар ва 7 нафари дигар дар дохил аз такмили ихтисос гузашта, фаъолият доранд.
“Ҷиҳати хизматрасонии босифат 4 адад таҷҳизоти муосири ташхисии ПЦР ворид карда шуд. Ҳоло дар маҷмӯъ дар марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Қубодиён 6 адад чунин таҷҳизотҳо ба аҳолӣ хизмат мерасонанд”, - зикр кард раиси вилояти Хатлон.
Ҳамзамон вай илова кард, ки аз оғози маъракаи эмтаъминкунӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо дар маҷмӯъ 5 миллиону 259 ҳазор 729 адад ваксина ба вилоят ворид гардида, ба шаҳру ноҳияҳо тақсим карда шуд.
Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир рафти эмгузаронӣ зери назорати мақомот қарор дорад.
Тибқи маълумотҳои масъулини соҳаи тандурустӣ, то ба ҳолати 29 июни соли 2022, бо вояи якум 1 миллиону 856 ҳазор 461 нафар (98,7%) ва бо вояи дуюм 1 миллиону 773 ҳазору 619 нафар (94,3%) бо вояи сеюм 1 миллиону 428 ҳазору 630 (76,0%) ба ваксинаҳо фаро гирифта шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0