Парванда алайҳи мансабдори шаҳри Панҷакент бинобар суистифода аз ваколатҳояш

CC BY 2.0 / Flickr / Rae Allen / ThemisБогиня правосудия Фемида
Богиня правосудия Фемида - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Обуна шудан
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати мудири шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати шаҳри Панҷакент бинобар суистифода аз ваколатҳояш парванда боз кардааст
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Нисбати Афзалшо Дӯстзода, мудири шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати шаҳри Панҷакент аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парванда боз шудааст, дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ аз прокуратураи вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Фаррух Алиҷонзода, сардори шуъбаи пешгирии ҷиноятсодиркунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон дар прокуратураи Суғд гуфт, Дӯстзода дар ду ҳолат барои содир намудани ҷиноят гумонбар дониста мешавад.
“Номбурда дар вазифаи сардори Идораи ҷавнон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати шаҳри Панҷакент кор карда, аз падари яке аз даъватшавандагон маблағи калони пулӣ гирифта ваъда додааст, ки писарашро ба хизмати алтернативӣ равона мекунад, аммо ваъдаашро иҷро накарда маблағро азонихуд кардааст” – гуфт, Алиҷонзода.
Бино ба гуфти манбаъ, дар дигар ҳолат Афзалшо Дӯстзода як қисм маблағҳои барои тими футболи “Зарафшон” и шаҳри Панҷакент ҷудо шударо бо истифода аз мақоми хизматии худ гирифта аз худ кардааст.
Прокуратураи вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Боз шудани парванда алайҳи 4 мансабдоре, ки муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ накарданд
Зимнан нисбати мавсуф бо моддаи 245 (азонихудкунӣ) ва 247 (қаллобӣ) асноди ҷиноӣ аз ҷониби мақомоти прокуратураи шаҳри Панҷакент парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш додситони кулли Тоҷикистон аз ошкор шудани қариб як ҳазор қарори ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ хабар дод, ки аксарияташон марбути заминанд
Додситонҳои Тоҷикистон гуфт дар нимсолаи аввали соли равон 924 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳоро ошкор кардаанд, ки беш аз 80%-ашон ба замин рабт доранд.
"Худсарона ишғол намудани замин ва бунёди хонаҳо аз тарафи ашхоси ҷинояткор, алалхусус дар теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо зиёд аст", - таъкид кард ӯ.
Вай илова намуд, ки бо мақсади пешгирӣ ва бартарафсозии қонунвайронкуниҳо дар ин самт гуруҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0