Боз шудани парванда алайҳи 4 мансабдоре, ки муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ накарданд

© SputnikПрокуратураи вилояти Суғд
Прокуратураи вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Чаҳор мансабдор дар вилояти Суғд дар бепарвоӣ ва сари вақт баррасӣ накардани муроҷиати шаҳрвандон айбдор дониста шуда, алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Дар ин бора Фурқат Хоҷазода, прокурори Суғд зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Прокурор аз раиси ҷамоат, директори хоҷагии ҷангал, сармуҳосиб ва корманди идораи андоз ном бурд, ки дар умум муроҷиати беш аз 60 шаҳрвандро нодида гирифта ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”- ро риоят накардаанд.
Оқои Хоҷазода гуфт, раиси ҷамоати Хурмии шаҳри Панҷакент Камолиддинов муроҷиати 18 шаҳрвандро дар хусуси ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, директори хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент Тураҷонзода муроҷиати 23 нафарро дар бораи ҷудо кардани замин барои кишти зироатҳо ва ҷамъоварии ҳезум нодида гирифтаанд.
Ҳамчунин прокурор дар бораи қазияи раиси хоҷагии деҳқонии Нарзуллоеви ноҳияи Деваштич Ғафуров ва сармуҳосиби хоҷагии деҳқонии Хоҷа Тоҳири ин ноҳия Раҳматов гуфт, эшон ба муроҷиатҳои 25 нафар дар бораи ҷудо намудани саҳми замин посух надодаанд.
Прокурори Суғд гуфт, барои зоҳир намудани бепарвоӣ нисбати муроҷиати шаҳрвандон алайҳи ин мансабдорон бо моддаи 163 (вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шуд.
Подпись документа. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Раисон дар Суғд беш аз 1,7 ҳазор қарору фармони ғайриқонунӣ содир кардаанд
Ин манбаъ инчунин аз таъйини муҷозот алайҳи корманди идораи андози шаҳри Бӯстон иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи прокурор, Алимардонов минҳайси мутахассиси нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон кор карда, давоми 3 моҳу 10 рӯз муроҷиати сокини ин шаҳр Ҳоҷимуродовро сари вақт баррасӣ накардааст ва дар ин муддат соҳибмулк аз ҳисоби даромади ба иҷора додани ду ҳуҷраи истиқоматӣ андоз пардохт накардааст.
Бар асоси моддаи 87-и Кодекси маъмурӣ, бо қарори суд корманди идораи андоз сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, 1920 сомонӣ ҷарима шудааст.
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Суғд дар самти назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” 536 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, 75 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ, 183 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, дар 4 ҳолат дигар нисбати 4 мансабдор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0