Рубл поину евро боло: тағйирот дар бозори асъори Тоҷикистон

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар бозори асъори Тоҷикистон қурби сомонӣ дар барообари рубл боло рафта, дар баробари евро коҳиш ёфтааст. Арзиши доллар бетағйир боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубли Русияро дар ҷумҳурӣ 0.1662 сомонӣ муқаррар намудаст, ки нисбати нишондоди рӯзи қабл камтар мебошад. Рӯзе пеш арзиши рубл муодили 0.1679 сомонӣ буд.
Ба иттилои ин ниҳод, қурби доллари амрикоӣ бетағйир боқӣ монда, дар сатҳи рӯзи қаблӣ - 10.2664 сомонӣ қарор дорад.
Арзиши евро каме боло рафта, аз ҷониби Бонки миллӣ 10.4317 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Дар мавриди қурби қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, Бонки миллӣ иттилоъ додаст, 1 доллари ИМА аз 10.2664 то 10.2600 сомонӣ, 1 евро аз 10.4317 то 10.5000 сомонӣ, 1 рубли русӣ аз 0.1662 то 0.1690 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Здание Центрального банка РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро поин бурд
Дар зимн ин ниҳод ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Раванди устуворшавии пули миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран Сироҷиддин Икром, раиси "Амонатбонк" гуфт, таваҷҷуҳ ва эътимоди аҳолӣ ба сомонӣ бештар шудааст.
"Ҳатто нафароне буданд, ки дар бонк пасандози долларӣ доштанд ва он фоиз дошт, аммо аз баҳри фоиз ҳам гузаштаву асъорро иваз карда пасандози сомонӣ гузоштанд", - гуфт ӯ.
Гуфта мешавад, ин бонк танҳо дар ним сол беш аз 2,5 миллиард сомонӣ зиёд ба муомилот баровардааст, ки боз ҳам кам аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба сомонӣ бештар таваҷҷуҳ кардаанд, афзуданд масъулини "Амонатбонк".
Лентаи хабарҳо
0