Русия нақшаи бозсозии Мариуполро таҳия кард

© Sputnik / Pavel Lisitsyn / Гузаштан ба хазинаи аксПоврежденное в результате боевых действий здание в Мариуполе
Поврежденное в результате боевых действий здание в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муовини сарвазири Русия дар дидор бо Владимир Путин аз омодагии нақшаи сесолаи бозсозии кулии шаҳри Мариупол хабар дод
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Марат Хуснуллин, муовини сарвазир дар мулоқот бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, мақомот кишвар нақшаи бозсозии кулии шаҳри Мариуполро таҳия кард. Қарор аст ин тарҳ тайи се сол амалӣ шавад.
"Владимир Владимирович, ман мехостам бо шумо машварат кунам ва мехостам ба шумо ин нақшаи генералии рушди Мариуполро пешниҳод кунам. Дар давоми се сол мо метавонем шаҳрро комилан бозссозӣ кунем", - гуфт ӯ.
Вай нуктаҳои асосии ин санадро ба раисҷумҳур шарҳ дод.
"Навоварӣ ҳамин аст, ки мо ҳудуди нақшаро каме тағир додем, мо пешниҳод мекунем, ки ба он фурудгоҳ дохил карда шавад. Ҳоло мо ба барқарорсозии он шурӯъ кардаем. Мо инфрасохтори комилан нави нақлиётиро месозем ва мехоҳем аз роҳи оҳанро ба кор барем ва ҳаракати трамвай барқарор намоем. Мо нақша дорем, ки як нуқтаи нави нақлиётиро ба як марказ табдил диҳем, ки дар он вокзал, бандар ва хатҳои трамвай ҷойгир хоҳанд буд”, - гуфт Хуснуллин.
Одамон дар ин бино зинда ба зинда сӯхтанд! Қиссаи бинои нӯҳ ошёна дар Мариупол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Одамон дар ин бино зинда ба зинда сӯхтанд! Қиссаи бинои нуҳошёна дар Мариупол
Вай гуфт, дар соли 2022 барқарорсозии 90 иншооти иҷтимоӣ дар назар аст.
"Мо сарнавишти "Азовстал"-ро ҳам баррасӣ кардем, мо ин масъаларо бо сокинон бисёр муҳокима кардем, мебинем, ки дар он ҷойҳои кориро метавон ҳифз кард", - гуфт Хуснуллин.
Муовини сарвазир мушаххас кард, ки дар ҳудуди корхона 40 миллион тонна партов мавҷуд аст ва он бояд тоза карда шавад.
Нерӯҳои Русия ва ҶМД 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва то 21 апрел тақрибан тамоми шаҳрро озод карданд.
Дар корхонаи “Азовсталь” беш аз ду ҳазор низомиёнӣ нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва ҷангиёни баталйони “Азов” пинҳон шудангд. Дар нимаи моҳи май миллатгароён таслим шуданд ва рӯзи 20 май вазорати дифои Русия аз озодкунии пурраи Мариупол хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0