Толибон вайронӣ дар Афғонистонро ҳосили бист сол ишғолгарии низомиёни амрикоӣ медонанд

© Twitter \ Suhail.SМулла Хусейн Охунд, глава правителства Талибана
Мулла Хусейн Охунд, глава правителства Талибана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси давлати толибон ахиран дар дидор бо ҳайати уламои Покистон қайд кардааст, ки Афғонистон дар давраи бист соли ишғолгарии Амрико вайрон шуда буд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Мулло Муҳаммадҳасани Охунд, раиси давлати Толибон да Афғонистон дар дидор бо ҳайати уламои Покистон, вайрони ва нобудии зерсохтҳои он кишварро ҳосили бист сол ишғолгарии низомиёни амрикоӣ донист.
Вай дар дидор бо ҳайати уламои Покистон дар Кобул гуфт, ки Афғонситон дар бистсоли гузаштаи ишғолгарии Амрико вайрон шуда ва бозсозӣ ва расидагӣ ба мушкилоти мардум ниёзманди замон аст.
“Толибон бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз ҷумла Покистон хоҳони муносиботи хуб ҳастанд ва ба ҳеҷ кас иҷозаи фаъолият аз хоки Афғонситон бар зиддӣ дигарон дода намешавад”, - афзуд Мулло Муҳаммадҳасани Охун.
Дар ҳамин ҳол, уламои покистонӣ низ аз рӯи кор омадани давлати Толибон дар Афғонистон ибрози хурсандӣ кардандю
Мулла Абдул Гани Барадар, главный политический лидер Талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Мулло Бародар: Бо хайрияҳои хориҷиҳо Афғонистон обод намешавад
Ҳайати покистонӣ дар дидор бо ҳукумати толибон бар густариши равобити дуҷонибаи Афғонистон ва Покистон таъкид карданд
Бояд гуфт, ки ҳайати уламои Покистон ва раёсати муфти Тақии Усмонӣ рӯзи сешанбе вориди Кобул пойтахти Афғонистон шуд.
Маврид ба зикр аст, ки толибон минаи моҳи августи соли 2021 пас аз суқути ҳукумати қаблӣ ба қудрат расиданд.
Ин гуруҳ ҳукумати худро ташкил дод, аммо наздик ба як сол мешавад, ки бинобар иҷро накардани тааҳҳудоти худ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта намешавад.
Лентаи хабарҳо
0