Вазирони Тоҷикистону Покистон вазъ дар минтақаро баррасӣ намуданд

© Дафтари матбуотии ВУХ ТоҷикистонСироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳамтои покистонияш, Биловал Бҳуто Зардарӣ
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳамтои покистонияш, Биловал Бҳуто Зардарӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар баробари муносиботи дутарафаи Тоҷикистон ва Покистон масоили марбути вазъи минтақаю ҷаҳон аз мавзуъҳои мулоқоти вазирони ду кишвар будааст
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳамтои покистонияш Биловал Бҳуто Зардарӣ вазъи минтақа ва муносиботи дуҷонибаро баррасӣ намудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти Муҳриддин бо Зардарӣ дар ҳошияи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд баргузор гардидаст.
"Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ карданд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, табодули афкор анҷом намудаанд.
Яке аз масъалаҳои муҳими минтақавӣ вазъият дар Афғонистон мебошад, ки ҷониби Тоҷикистону Покистон ба он таваҷҷуҳ доранд.
Ахиран дар ин робита Исматулло Насриддин, сафири Тоҷикистон дар Покистон, ки манфиатҳои муштараки ду кишвар ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон рабт доранд.
Специальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
Аврупо толибонро ба расмият намешиносад. Кобулов гуфт, назари Ғарб ба дарди касе намехӯрад
"Афғонистон пайвандгари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст ва бидуни мусолиҳа, ҳамкорӣ бо ин кишвар ғайриимкон аст", - гуфта буд Исматулло Насриддин.
Сафири тоҷик пешниҳод кард, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти Покистон бояд ба толибҳо барои ташкили ҳукумати фарогир, ки дар он намояндагони тамоми ақвоми Афғонистон бояд ҳузур дошта бошанд, таъсир расонида шавад.
Лентаи хабарҳо
0