Аҳолии Тоҷикистон кай бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад? Посухи Ғаффорзода

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксВодопроводный кран, архивное фото
Водопроводный кран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон 33% аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дастрасӣ надорад, аммо мақомот мегӯянд, тӯли ҳашт соли оянда ин мушкилӣ пурра рафъ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Аҳолие, ки дар Тоҷикистон пурра бо оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд, ба 67,1% мерасад, мегӯяд, Ҷурахон Ғаффорзода, директори Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" .
Ба таъкиди раҳбари ин ниҳод, дар кишвар барои таъмини пурраи сокинон бо оби ошомиданӣ то соли 2030 барномае дар назар аст.
Гуфта мешавад, ҳоло лоиҳаҳои бузург дар самти обрасонӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба арзиши 73,7 миллион доллад дар ҳоли иҷро ҳастанд.
Ба гуфтаи Ҷурахон Ғаффорзода, бо мақсади васеъ намудани ҳудуди хизматрасониҳо ба аҳолии шаҳраку деҳоти мамлакат 20 лоиҳаи дархости сармоягузорӣ ба маблағи 768,9 ҳазор доллар омода шуда, барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол пешниҳод шудааст.
Асфальтирование дороги Истаравшан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Мушкили беобӣ ва бероҳии як деҳаи Истаравшан ҳал шуд
Ахиран мақомоти шаҳрдорӣ низ гуфта буданд, ки ҳоло беш аз 20% аҳолии пойтахт ба обрасонии доимӣ дастрасӣ надоранд ва аз сокинон гила карда буданд, ки обро бидуни мақсад истифодаву исрофкорӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, қаблан муовини вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед Шоимзода низ ба тарҳи ҳукумат барои пурра бо об таъмин кардани аҳолӣ дар ҳашт соли оянда таъкид карда буд.
Муовини вазир афзуд, он ҳалли мушкилии обиеро, ки дар кишвар ба назар мерасад, пешбинӣ мекунад.
Ба гуфтаи Ҷамшед Шоимзода, новобаста аз захираҳои обӣ, як қатор омилҳое ҳастанд, ки ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ садди роҳ мешаванд. Релеф ва сармоя аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Марвиди зикр аст, дар гузашта раҳбарони қаблии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” мегуфт, ки барои таъмини пурраи аҳолии Тоҷикистон 30-40 сол ва 2 миллиард доллар зарру аст.
Лентаи хабарҳо
0