Модар зери чархи "Mercedes" ҳалоку писаронаш захмӣ шуданд: садамаи маргбод дар Рӯдакӣ

© Sputnik / Табылды КадырбековДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Садамаи мудҳиш дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз ноуҳдабароии ронанда сар зад, боиси марги модар ва захмӣ шудани ду фарзанди хурдсоли ӯ гардид
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар роҳи самти шаҳри Душанбе - Ваҳдат, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ садамаи маргбор рух дод, гузориш медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии кишвар.
Бино ба гузориши манбаъ, ин ҳодисаи нохуш пас аз зуҳри 29-уми июл, тахминан соати 16:00 рух додааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи "Mercedes-Benz 190", ки боиси марги модари ҷавон шуд, Асламов Рамазон Тағоевичи 26-сола, сокини ноҳияи Муъминобод будааст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
Бархӯрди маргбори "Opel" бо "Toyota" ва "Lexus" дар ҷануби Тоҷикистон: навзод ҳалок шуд
Гуфта мешавад, ӯ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе, ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Валъамади Саидҷаъфари 27-сола ва ду фарзанди ноболиғаш Шеров Абдураҳмони шашсола ва Шерова Азизамоҳи чаҳорсола, сокинони ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагардонон ҷароҳатҳои вазнии чисмонӣ бардошта, Валъамади Саидҷаъфар дар беморхона баҳалокат расида, фарзандонаш захмӣ шудаанд.
ВУД мегӯяд, феълан тамоми ҳолатҳои садама муайян карда шуда, тафтишот оғоз шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод ахиран аз марги сокини 31- солаи ноҳияи Нуробод хабар дода буд, ки дар пайи чаппа кардани мошини тамғаи "ГАЗ-66" аз баландии 150 метр ҳалок шудааст.
Ҳамзамон ахиран ин ниҳод аз рухдоди ду садамаи маргбор дар ҳудуди шаҳри Истаравшан хабар дод, ки дар пайи он ду ронанда ва як мусофир ҳалок гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0