Лякин-Фролов: Путин ва Раҳмонро муносибати дӯстона ва эътимодбахш наздик мекунад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВладимир Путин и Эмомали Рахмон
Владимир Путин и Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сафири Русия дар Тоҷикистон дар анҷоми намояндагии дипломатияш аз ҳамкориҳои судманд ва муносиботи боэътимоди ду кишвар ёдовар шуд
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Муносибати президентҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон аз равобити наздики ҳамкориро бозгӯ мекунад.
Дар ин бора дар изҳороти сафири Русия дар Душанбе Игор Лякин-Фролов, ки дар вебсайти намояндагии дипломатӣ нашр шудааст, омадааст.

"Боиси хушнудист, ки миёни раҳбарони мо - В.В.Путин ва Э.Раҳмон муносибати дӯстона ва эътимодбахш идома дорад, ки хусусияти шарикӣ ва ҳамкории стратегиро пурра инъикос мекунад", - гуфт дипломат.

Вай ҳамчунин афзуд, ки "тайи ин солҳо равобити Русия ва Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо - дар сиёсат, иқтисод, дифоъи низомӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ - бемайлон рушд ва таҳким ёфт".
Вечер дружбы Таджикистана и России-Эмомали Рахмон и Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Баргузории Шоми дӯстӣ ба ифтихори сафари Владимир Путин - видео
Сафир ёдовар шуд, ки ҳамкориҳои ҳамватанони рус дар кишвар низ судманд аст.
Ӯ қайд кард, ки "Дустони тоҷик баарои дар ҷумҳурӣ барқарор намудани чорабиниҳои ёдгории ҷангӣ ёрӣ расонданд".
Ёдовар мешавем, ки Игор Лякин-Фролов моҳи августи соли 2013 сафири Русия дар Душанбе таъин шуда буд.
Мавсуф рӯзи 29 июл эълон кард, ки рисолати худро анҷом медиҳад ва Тоҷикистонро тарк мекунад.
Лентаи хабарҳо
0