Августи гармтар аз меъёр: ҳавои моҳи охири тобистон дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

© Sputnik Люди в Душанбе отдыхают во время жары
Люди в Душанбе отдыхают во время жары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳарорати ҳаво дар моҳи август нисбати меъёрҳои иқлимӣ каме баландтар хоҳад шуд. Дар зимн боришоти борони аз меъёр камтар низ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои атмосферӣ тайи моҳи август дар Тоҷикистон аз меъёри иқлимӣ аз 1 то 2 дараҷа баланд дар назар аст, хабар дод "Ховар" аз қавли сардори Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, Сафархон Шарофиддинов .
Ба иттилои манбаъ, ҳарорати миёнаи ҳаво дар ноҳияҳои водигӣ аз 17 то 31 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ 23+25 дараҷа гарм мешавад.

"Дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон ҳарорати миёнаи ҳавои атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ 1+2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 31 ва дар доманакӯҳ то 25 дараҷа гарм мешавад", - афзудаст ӯ..

Дар зимн зикр шудааст, ки моҳи август миқдори бориши атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ паст пешгӯӣ мешавад.
"Боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъдубарқ дар нимаи дуюми моҳ дар назар дошта шудааст. Инчунин дар рӯзҳои алоҳида шамол бо суръати 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд", - таъкид намудаст ҳавошинос.
Моҳи август дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ гардидаст.
Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Офатҳо дар Суғд зиёду фавт кам шудааст
Миқдори моҳонаи бориш дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз меъёри иқлимӣ паст буда, дар ғарби ВМКБ аз меъёри муқарраршуда баландтар пешгӯӣ мешавад.
Боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва баамалоии раъду барқ асосан давоми нимаи дуюми моҳ пешгӯӣ мешавад, .
Давоми нимаи аввали моҳ дар шарқи ВМКБ ҳаво шабона 9 ва рӯзона 22 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад, изҳор доштаст масъули Маркази ҳавошиносӣ.
Лентаи хабарҳо
0