Раёсат: Бештари донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе дар бахши буҷавиянд

© Sputnik / Амир ИсаевФилиал МГУ имени М.В. Ломоносова в городе Душанбе
Филиал МГУ имени М.В. Ломоносова в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2022
Обуна шудан
Аксарияти донишҷӯён дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар пойтахти Тоҷикистон дар бахши буҷавӣ таҳсил мекунанд
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Теъдоди донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе дар ҷамъбасти соли таҳсили гузашта беш аз 450 нафарро ташкил дод.
Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли мудири иҷроияи филиали ДДМ дар Душанбе, Рустам Ғаниев овардааст, ки аз шумораи умумӣ 287 нафар ва ё беш аз 63% дар риштаи буҷавӣ таҳсил доранд.
Манбаъ афзуд, 164 нафар, қариби 37% дар гуруҳи шартномавӣ таҳсил доранд.
Инчунин соли равон дар Маркази миллии тестӣ 2015 довталаб филиалро интихоб кардаанд.
Ғаниев гуфт, соли 2022 барои ҷалби донишҷӯён оид ба самтгирии касбӣ кори бонизом ташкил карда шуд.
Вступительные экзамены в вузы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2022
Шонси дигар ба донишҷӯшавандаҳо: ММТ аз озмуни тақсимоти такрорӣ хабар дод
"Чунончи, тавассути тақсимоти варақаҳои таб­лиғотӣ, буклетҳо, насби банерҳо, нишон додани презентатсияҳо аз рӯи равияҳои филиал ва ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма даъвати хоҳишмандон ба муассиса сурат гирифт", - афзудаст мудири иҷроия.
Вай илова намудаст, ки дар филиал литсей ва курсҳои тайёрӣ низ амал мекунанд, ки дар онҳо мақсаднок омода шудани дохилшавандагон ба роҳ монда шудааст.
Дар мавриди ба кор таъмин кардани хатмкунандагони ин муассиса иттилоъ дода шудааст, ки дар ин самт мудири таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, мутахассисони шуъбаи таъмини методии раванди таълим ва мониторинги сифати таҳсилот ва дигар бахшҳо корбарӣ мекунанд.
Соли гузашта муассисаро 100 нафар хатм карданд, ки аз ин теъдод бо роҳнамоии масъулин 58 нафарашон ба ҷои кор таъмин шуданд, изҳор доштаст Ғаниев.
Лентаи хабарҳо
0