Боздиди Путин аз қатори киштиҳои низомӣ дар Кронштадт - видео

© Sputnik / Олег Кулешов / Гузаштан ба хазинаи аксПодводный крейсер "Князь Владимир"
Подводный крейсер Князь Владимир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Русия савори киштии "Раптор" аз пеши қатори киштиҳои низомӣ гузашта, баҳрнавардонро бо Рӯзи нерӯҳои низомии баҳрӣ шодбош гуфт
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин баҳрнавардони қатори киштиҳои низомиро дар Кронштадт бо Рӯзи нерӯҳои баҳрӣ шодбош гуфт. Киштиҳои мазкур дар гузашти асосии баҳрӣ иштирок хоҳанд кард.
Бар асоси навори нашркардаи дафтари матбуотии Кремл, Путин савори киштии "Раптор" аз пеши қатори киштиҳои низомӣ гузашта, ба баҳрнавардон бо паёми шодбошияш хитоб кард.
Низомиёни нерӯҳои дарёӣ бо садои секаратаи "ура!" ба сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Русия посух доданд.
Президентро дар ин чорабинӣ ҳамчунин вазири мудофиаи кишвар, Сергей Шойгу, фармондеҳи нерӯҳои дарёӣ, Николай Евменов ва иҷрокунандаи вазифаи фармондеҳи нерӯҳои ҳавзаи ғарбӣ, Владимир Кочетков ҳамроҳӣ карданд.
Дар назар аст, ки баъдан Владимир Путин дар гузашти асосии нерӯҳои дарёии Русия дар Санкт-Петербург иштирок кунад.
Спуск на воду атомной подводной лодки Белгород в Архангельской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Киштии мусаллаҳ бо "Посейдон"-ҳо рӯйи кор меояд
Дар гузашти мазкур иштироки 47 киштии навъи гуногун, аз ҷумла зериобӣ дар назар буда, 42 чархболу ҳавопаймо низ иштирок хоҳанд кард. Чорабинӣ бо гузашти воҳидҳо дар соҳил дар наздкии майдони Сенат анҷом меёбад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Русия ҳамасола Рӯзи нерӯҳои баҳрӣ якшанбеи охири моҳи июл таҷлил мешавад. Нерӯҳои дарёии Русия соли равон 326-умин солгардашонро таҷлил мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0