Путин: Флот фавран ба ҳар, ки қасди зарба ба истиқлоли Русияро дорад, посух медиҳад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин принял Главный военно-морской парад
Президент РФ В. Путин принял Главный военно-морской парад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Русия аз иқтидори нерӯҳои ҳарбии дарёии кишвараш тавсиф намуд, ки тавони посух додан ба ҳар бадхоҳеро доранд
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Нерӯҳои баҳрии Русия қодиранд ба ҳамаи онҳое, ки қасди озодию истиқлоли кишварро доранд, барқосо посух диҳанд.
Ин нуктаро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни суханронӣ дар гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи нерғҳои дарёии ин кишвар баён дошт.

"Масъалаи калидӣ дар ин ҷо имконоти нерӯҳои баҳрӣ мебошад. Онҳо қодиранд, фавран ба ҳарки қасди озодию истиқлоли Русияро доранд, посух диҳанд", - таъкид намуд ӯ.

Вай афзуд, ки нерӯҳои баҳрии Русия самаранок вазифаҳои стратегии гузошташуда дар ҳамаи нуқоти уқёнуси ҷаҳонро иҷро мекунад.
"Қувваҳои баҳрӣ омодагии баландро барои амалиёт дар соҳил, сатҳи об, зери об ва ҳаворо намоиш медиҳанд. Онҳо пайваста такмил меёбанд", - гуфт Путин.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Русия бори аввал аз соли 2017 инҷониб дар гузашти асосии нерӯҳои дарёии кишвар дар Санкт-Петербург иштирок кард.
LIVE_СПУТНИК: Путин принимает участие в праздновании Дня ВМФ в Санкт-Петербурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2022
Путин гузашти ҷашнии нерӯҳои баҳрии Русияро қабул мекунад - видео
Дар гузашти мазкур ҳудудуи 47 киштии навъи гуногун, аз ҷумла зериобӣ ва 42 чархболу ҳавопаймо низ иштирок карданд. Чорабинӣ бо гузашти воҳидҳо дар соҳил дар наздикии майдони Сенат анҷом ёфт.
Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳайати баҳрнавардонро шодбош гуфта, посухи "ура!"-и секаратаи низомиёни дарёиро шунид.
Маврид ба зикр аст, ки дар Русия ҳамасола Рӯзи нерӯҳои баҳрӣ якшанбеи охири моҳи июл таҷлил мешавад. Нерӯҳои дарёии Русия соли равон 326-умин солгардашонро таҷлил мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0