Тарғиби истиқлолу озодӣ: ҳукумат нақшаи то соли 2026-ро тасдиқ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРасширенное заседание Правительства Республики Таджикистан
Расширенное заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон вазирону роҳбарони кумитаҳо ва ҳукуматҳои маҳаллиро муваззаф кардааст, ки аз иҷрои нақшаи тасдиқшуда ҳар ним сол гузориш диҳанд
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо барои сазовор ҷашн гирифтани 35-умин солгарди истиқлоли ҷумҳуриро тасдиқ кардааст.
Бар асоси қарори ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо кардааст, ҳадафи нақшаи чорабиниҳо таҷлили сазовори 35-умин солгард ва тарғиби моҳияти озодӣ, истиқлол, давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Нақша аз бунёди иншооти гуногун то баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ - сиёсиро дар бар гирифта, Кумитаи ташкилӣ муваззаф шудааст, якҷоя бо роҳбарони вазорату идораҳо иҷрои онро таҳти назорат гирад.
Дар мавриди он, ки аз кадом ҳисоб ин чорабиниҳо амалӣ шаванд, дар қарор омадаст, ки аз маблағи пешбининамудаи буҷет барои таъминоти вазорату идораҳо ва мақомот дар маҳалҳо барои солҳои 2022 - 2026.
Эмомали Рахмон президент РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Раҳмон: Бо вуҷуди таъсири буҳронҳои иқтисодиву сиёсии рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид
"Инчунин аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисмати даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва дигар манобеи молиявӣ, ки қонунгузории Тоҷикистон мамнуъ накардааст", - омадааст дар иттилоия.
Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ муваззаф гардидаанд, ки тамоми чораҳои заруриро барои ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ андешанд.
Мақомдорон вазифадор шудаанд, ки минбаъд ҳар шашмоҳа дар бораи корҳои анҷомдодаашон дар самти татбиқи чорабиниҳо ба ҳукумати Тоҷикистон гузориши муфассал диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0