Даъвати Наришкин ба ваҳдати қудрат, артиш ва ҷомеа

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкКруглый стол, посвящённый Году культурного наследия народов России
Круглый стол, посвящённый Году культурного наследия народов России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Обуна шудан
Мудири Хадамоти истихбороти хориҷии Русия гуфт, ки пирӯзиро метавон танҳо бо як роҳ, яъне ваҳдати қудрат, артиш ва ҷомеа ба даст овард
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Сергей Наришкин, мудири Хадамоти истихбороти хориҷии Русия гуфт, ғалаба бар душман дар набардҳо танҳо дар сурате ба даст оварда мешавад, ки ҳукумат, артиш ва ҷомеа муттаҳид бошанд ва ба таъсири харобиовар аз хориҷ дода нашаванд.
Вай афзуд, ки ин раванд барои Русия як дарси беш аз садсола аст.
Раиси Хадамоти истихбороти хориҷии Русия, ахиран дар як маросиме дар шаҳри Маскав, ки бахшида ба ба муносибати 108-умин солгарди пайвастани Русия ба Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ сурат гирифт, иштирок кард.
Сергей Наришкин ба хабарнигорон гуфт, ки "ғазаби таърих дар он аст, ки Русия миллионҳо ҷони худро барои пирӯзии Антанта дода ва ҳеҷ гоҳ ба ҳалқаи қудратҳои ғолиб дохил нашуд ва илова бар ин, маҷбур шуд, ки шартномаи таҳқиромези Брест-Литовскро имзо кунад".
Атомная подводная лодка Северодвинск и барк Седов на Главном военно-морском параде в честь Дня ВМФ РФ в Кронштадте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2022
Рӯзи нерӯҳои баҳрии Русия чӣ гуна таҷлил шуд? - аксҳо
Ба гуфтаи вай, дар ин кор таблиғоти миллатгароӣ, ки аз хориҷи кишвар ҳадафмандона аз ҷониби мухолифони Русия анҷом шуда буд, нақши охирин надошт.
“Ғайр аз ин, аввалин гурӯҳҳои мусаллаҳи миллатгароёни украинӣ пурра дар қаламрави Австрия-Венгрия ташкил карда шуданд”, - гуфт Наришкин.
Наришкин мегӯяд, сипас бархе аз нерӯҳои сиёсӣ дар дохили кишвар таблиғоти миллатгароиро идома доданд.
“Имрӯз, бо гузашти сад сол, мо меваҳои талхи фаъолияти моҳиятан ҷиноӣ, зиддидавлатӣ ва зиддиҷамъиятии онҳоро мечашем", - афзуд ӯ.
Директор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Наришкин: Русия барои ояндаи таърихии худ мубориза мебарад
Вай боварӣ дорад, ки таҷрибаи пайвастани Русия ба Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ба ин кишвар имкон медиҳад, ки муҳимтарин хулосаи таърихӣ барорад.
“Артиши Русия вайроннашаванда аст, агар артиш, ҳукумат ва ҷомеа як ҳадафи ягона дошта бошанд, барои ғалаба дар ҷанг муттаҳид мешаванд. Душман, хамеша хамин тавр буд, — таъкид кард Наришкин.
Инчунин вай илова кард, ки имрӯз Ғарби тоталитарӣ-либералӣ талош дорад ба сари тамоми инсоният ҷанги ҷахониро бор кунанд ва аз таҷрибаи бузурги таърихии Русия дарси дуруст гирифтан хеле мухим аст.
Лентаи хабарҳо
0