Имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Беларус дар Минск

© Sputnik / Рамиз БахтияровПисьменные принадлежности
Письменные принадлежности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Тоҷикистон аз имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Беларус хабар дод
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Беларус дар соҳаи истеҳсолоти иҷро Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба тасвиб расид, иттилоъ додааст Хадамоти иҷро.
Тибқи иттилои манбаъ, санади мазкур аз ҷониби сардори Хадамот Барно Саидвализода ва муовини вазири адлияи Беларус Сергей Калиновский ба имзо расидааст.
Тавре аз Хадамот хабар доданд, ҳайати ниҳод таҳти роҳбарии Барно Саидвализода бо сафари корӣ ба пойтахти Беларус – шаҳри Минск рафт.
Дар доираи сафар мулоқоту музокирот миёни роҳбарияти Хадамоти иҷро ва Вазорати адлияи Беларус баргузор шуд, ки зимни он масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар самти иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор баррасӣ гардиданд.
 Президент Белоруссии Александр Лукашенко на встрече лидеров государств - членов Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Лукашенко аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки ба Иттиҳодияи Русияву Беларус наздик шаванд
Ёдовар мешавем, ки дар маҷмӯъ байни Тоҷикистон ва Беларус зиёда аз 90 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо созгор мебошанд.
Тавре вазорати хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, мавқеъҳои ҳар ду кишвар нисбат ба аксари масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамсон ё наздик мебошанд.
“Ҳарду кишвар дар доираи созмонҳои бонуфуз ба монанди СММ, ИДМ ва СААД робитаҳои хубро ба роҳ мондаанд. Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус хислати муваққатӣ надошта, ба ояндаи дарозмуҳлат равона гардидаанд”, - иттилоъ додааст вазорати хориҷа.
Лентаи хабарҳо
0