Ғалатнависии тоҷикон кам мешавад? Дар Тоҷикистон барномаи нави компютерӣ фаъол мегардад

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузаштан ба хазинаи аксРабота за компьютером. Клавиатура
Работа за компьютером. Клавиатура - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тирамоҳи соли равон дар Тоҷикистон барномаи компютерии "Ислоҳнигорӣ" фаъол мешавад, ки ҳадаф аз он кам кардани хато дар матнҳои тоҷикӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Барномаи компютерии "Ислоҳнигорӣ" дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон пешкаши сокинони мамлакат гардонида мешавад.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, Олимҷон Муҳаммадҷонзода хабар додааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки тӯли 6 моҳ гурӯҳи корӣ Фарҳанги имлои забони тоҷикиро омода намуда истодааст ва барномаи мазкур дар заминаи он таҳия шудааст. Таъкид гардид, ки зимни навиштани матни тоҷикӣ низ тавре дар забони русӣ ва англисӣ аст, дар сурати роҳ додани ба иштибоҳ, шакли дуруст нишон дода мешавад.
Природа Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Азми мақомоти тоҷик барои тағйири қариб 5 ҳазор ҷойном дар Тоҷикистон
"Дар системаи компютерии имрӯза чанд ҳарфи тоҷикии мо нест. Вақте мо ба забони русӣ ё англисӣ ягон матнро ҳуруфчинӣ мекунем, агар ғалат бошад, шакли дурусташ пешниҳод мегардад, баъди таҳияи ин барнома камбудии ҷойдошта бартараф мешавад", - гуфт Муҳаммадҷонзода.
Ба иттилои раиси Кумита, барнома дар шакли аввал ҳудуди 72 ҳазор калимаро дар бар гирифта, марҳила ба марҳила калимаҳои он зиёд карда мешаванд.
Дар мавриди ислоҳи ғалатҳо дар овезаҳо ва эълонҳои тарғиботӣ зикр гардид, ки ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мароторий эълон шуда, санҷишҳо то 1 январи соли 2023 мавқуф гузошта шуд.
Зикр гардид, ки дар муҳлати амали фармони мазкур забони матну ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавии даҳҳо муассисаю соҳибкорон ба талаботи қоидаҳои забон мутобиқ кардааст. Ягон корхона ё соҳибкор ҷоримабандӣ нашудаст.
Лентаи хабарҳо
0