Тоҷикистон эҳтимол бидуни авиатсия монад

Cамолет Boeing 737 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эксклюзив
Вақте ки ман мактаби миёнаро хатм кардам, бачаҳои синфи мо орзуву ҳаваси дар он замон бисёр мӯд доштанд. Онҳо бемори осмон буданд
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik, Шер Алиев. Намедонам, ки ин таъсири аввалин филми фалокатбори шӯравӣ “Экипаж” буд ё на, аммо пас аз хатми мактаб ва якбора панҷ ҳамсинфи ман санадҳояшонро ба мактабҳои гуногуни халабонӣ супурданд.
Чаҳор нафари онҳо аз бо сахтиҳо дохил шуданд, вале ба рӯйи нафари панҷум бахт хандид. Ӯ аз муоинаи тиббӣ нагузаштааст, зеро чашмонаш мушкил доштанд. Аммо монанди он фарроши фурудгоҳ аз ҳаҷвҳо, ки намехост, бо авиатсия худоҳоҷфизӣ кунад, ӯ дар риштаи технология рафт. Дар ин ришта ӯ мувафақ шуд.
Пас аз соли аввали хонишаш, ки таътил шуд, бо ман дидор карду дар бораи нозукиҳои таҳсил, душвориҳои ихтисоси авиатсия, зебоиҳои шаҳр, барқарор кардани робита бо духтарон ва ғайра бисёр суҳбат кард.
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
“Тоҷик эйр”-и бебол: Исматуллозода гуфт, ҳавопаймои коршоям надорем
Ҳоло тамоми ҷузъиёти он суҳбатро ёд надорам, аммо мисрае аз суруди халабонҳо, ки дар филми кӯҳнаи шӯравии “Небесний тихоход” садо медод, ба ман таъсир кард. Матнаш чунин буд: “Дар аввал ҳавопаймоҳоро ВАЙРОН МЕКУНЕМ, вале духтарон...".
Мафҳуми ин фикри тӯлонӣ чӣ буд? Ширкати "Boeing" чанде пеш аз содироти ҳавопаймо ба Русия ва Осиёи Марказӣ то соли 2041 худдорӣ кард, ки як талоши “оқилона”-и дигар барои ҷорӣ кардани таҳримҳо ба хотири вазъи Украина буд.
“Сарфи назар аз мавҷудияти талабот ба ҳавопаймоҳо дар Русия ва Осиёи Марказӣ дар бораи то кай идома ёфтани ин вазъ чизе мушаххас нест. Ба ин далел ин минтақа ба дурнамои имсола ворид нест”, - омадааст дар изҳороти ширкат.
Дар ҳамин ҳол таҳлилгарони ширкати "Boeing" дар бораи коҳиши талабот ба ҳавопаймоҳои мусофирбар баъд аз тарки бозори Русия хабар доданд. Нақше, ки мисли “билет мехарам, аммо барқасди назоратчӣ (кондуктор) пиёда меравам”, шудааст. Дар шароити имрӯза ин як чизи оддист.
Хуб, дар мавриди Русия ҳама чиз каму беш рӯшан аст. Дар охири моҳи июни соли ҷорӣ сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин фармонеро имзо кард, ки барномаи фарогири рушди соҳаи нақлиёти ҳавоӣ то соли 2030-ро тасдиқ кард. Дар заминаи маҳдудиятҳои беруна вазифаи стратегӣ дар ин бахш гузариш ба технологияи ватанӣ мебошад.
ОАО Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
“Тоҷик эйр” барҳам мехӯрад? Мақомот аз муфлисшавию раҳбари ширкат аз умеди парвоз мегӯяд
Сармоягузории умумии ин барнома аз 770 миллиард рубл зиёд мебошад. Ҳамзамон беш аз 150 миллиарди он то охири соли 2022 ба бахши саноат равона хоҳанд шуд.
Аммо Тоҷикистон чӣ? Зарурати ҳамасола пул ҷудо кардан аз буҷет барои сохтмони иншооти асосии стратегӣ - НБО "Роғун" имкон намедиҳад, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ кумак расонида шавад. Ҳарчанд дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ ду ширкати ҳавоӣ вуҷуд доранд: ширкати хусусии “Сомон эйр” ва ширкати миллии “Тоҷик эйр”.
Ширкати дуюм аллакай дар остонаи муфлисшавӣ қарор дорад ва метавонад ба дастгириҳои давлатӣ умед набандад.
Ин ширкати ватанӣ аз январи соли 2019 парвозҳо ба ягон самт анҷом намедиҳад. Парки ҳавоии он аз се ҳавопаймои "Боинг" иборат аст, ки дутои он ба ширкати "Тоҷик эйр" тааллуқ дошта, ба таъмир ниёз доранд ва савумӣ ба иҷора гирифта шудааст. Аз ҳамин боис ширкат гирифтори мушкилоти молӣ шуд.
Ба далели таъхир дар пардохти 149 ҳазор доллари иҷораи моҳона ба ширкати литвонии “Skyroad Leasing” ҷаримаҳои ин ширкат ба 20 миллион доллар расидааст. Додгоҳи Вилнюс даъвои даъвогарро тасдиқ кард, шикоят ба дигар зинаҳои судӣ натиҷае надод. Ягона натиҷаи баҳсҳои додгоҳӣ ду баробар афзудани қарзи “Тоҷик эйр” шуд – аллакай он ба 40 миллион рубл расидааст.
Самолет Сомон Эйр на взлетной полосе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
“Сомон эйр” барои парвоз ба Пекин, Сеул ва Лондон ҳавопаймо мехарад
Коршиносон мегӯянд, умеде, ки ҳавопаймоҳои "Боинг"-и ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дигар парвоз намекунанд ва ин ширкат ба истифода аз моделҳои русӣ мегузарад, тақрибан ғайриимкон аст.
"Русия иқтидори ихтирои моделҳои наву пешрафтаи ҳавопаймоҳо, пеш аз ҳама MS-21 ва "Ил-114-300"-ро дорад. Моделҳои замонавии солҳои қаблӣ низ мавҷуданд: "Ил-96-400М" ва "Ту-214". Аммо саноати ҳавопаймосозии ин кишвар пеш аз ҳама бозори дохилиро пур мекунад, дар бораи фурӯшу содирот дар муддати тӯлони ба ин бахш умед бастан мушкил аст, — мегӯяд халлабони дараҷаи як Вадим Холин.
Тоҷикистон дар ин маврид бояд ба кӣ муроҷиат кунад? Албатта, ба Чин.
Чин, ки Тоҷикистонро кайхо ба оғуши нарм, вале мустаҳкам гирифтааст, ба кишвар чанд ҳавопаймои истеҳсолии худро қарз медиҳад. Танҳо дар афсона ҳама чиз ройгон аст, дар воқеияти зиндагӣ Пекин ҳар юани додаашро суроғ мекунад.
P.S. Барои онҳое, ки шӯхиро дар бораи фаррош намедонанд:
Дар фурудгоҳ фаррош аз ҳоҷатхона баромада, ба шикоятҳояш оғоз мекунад: маош ночиз аст ва кор ҳам дар шароити ғайрибеҳдоштист...
Яке аз мусофирон аз ҷо бархоста маслихат медиҳад:
— Аз ин кор бирав, агар ин кор бад бошад!
Дар посух бо лабони ларзон мегӯяд:
- Авиатсияро тарк кунам? Осмонро тарк кунам?!
Лентаи хабарҳо
0