Қариб 30 млн ба IRS, 75 млн ба Вазорати молия: Пули "Барқи тоҷик" куҷо меравад?

© Sputnik Здание энергохолдинга "Барки точик"
Здание энергохолдинга Барки точик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Обуна шудан
"Барқи тоҷик", ки ҳамоно калонтарин ширкати қарздор дар Тоҷикистон мебошад, эълон кард, дар нимсолаи аввали соли равон маблағҳоро куҷо сарф кардааст
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Ширкати "Барқи тоҷик" дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи наздик ба 156 млн сомонӣ андоз пардохт кардааст.
Ба иттилои ин ширкат, ҳамчунин қарзи Вазорати молия ба маблағи 74,5 млн сомониро низ пардохт намудааст.
Дар феҳрасти хароҷоти ширкат дар нимсола, аз ҷумла 144 млн сомонӣ ҳаққи хариди барқ аз "Сангтӯда-1", 16,3 млн сомонӣ аз "Сангтӯда-2", 56 млн сомонӣ ҳаққи нерӯи "Роғун" зикр шуданд.
Ҳамчунин ин ширкат ба "Тоҷиктрансгаз" 75 млн сомонӣ, барои хариди ангишт 103 млн сомонӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ 68,4 млн сомонӣ, ширкати IRS 29,2 млн сомонӣ, ба Шабакаҳои интиқоли барқ 111 млн сомонӣ ва ба Шабакаи тақсимоти барқ 497,5 млн сомонӣ додааст.
Открытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Қарзи "Барқи тоҷик" дар назди "Роғун" ба 800 млн сомонӣ наздик шудааст
Дар ҳамин ҳол "Барқи тоҷик" ҳамоно калонтарин корхонаи қарздор дар Тоҷикистон боқӣ мондааст, ҳаҷми уҳдадорияш дар назди корхонаю идораҳо аз ҳадди 30 млрд сомонӣ бештар аст.
Аз ҷумла ба ҳолати 1 июли соли равон қарзи "Барқи тоҷик" дар назди Вазорати молия 23,6 млрд сомонӣ, НБО-и "Сангтӯда - 1" 2,4 млрд сомонӣ ва "Сангтӯда-2" ҳудуди 2,8 млрд сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Уҳдадориҳои молиявии "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳои "Роғун" муодили 786 млн сомонӣ, бонкҳои тиҷоратӣ 2 млрд сомонӣ, "Тоҷиктрансгаз" 440 млн сомонӣ ва конҳои ангишт 181,3 млн сомонӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0