Қарзи "Барқи тоҷик" дар назди "Роғун" ба 800 млн сомонӣ наздик шудааст

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксОткрытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане
Открытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи барқии "Роғун", ки феълан дар ҳоли сохтусоз қарор дорад, барқ мегирад, аммо пули онро пурра пардохт намекунад
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ба 786 млн сомонӣ расидааст.
Дар ин бора роҳбарияти "Барқи тоҷик" зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ тайи нимсолаи аввали соли равон ин ширкат ба нерӯгоҳи "Роғун" 56 млн сомонӣ пардохт кардааст.
Айни ҳол ду чархаи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" фаъолият карда, корҳои сохтмонӣ дар майдони он идома доранд.
Дар мавриди фурӯши барқи ин нерӯгоҳ дар сурати фаъолшавии он, масъулини "Барқи тоҷик" изҳор доштанд, ки аз тариқи низоми ягонаи энергетикӣ он ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол дода хоҳад шуд.
Долг Барки точик перед Сангтудинской ГЭС-1 возрос до $83 млн - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Давлатзода гуфт, камшавии қарзи “Сангтуда-1” аз чӣ вобаста аст
"Барқи тоҷик" дар шашмоҳаи якуми соли равон дар маҷмуъ 7 млрд 659,3 млн кВт-соат нерӯи барқ истеҳсол намудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 млн кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш дар сатҳи 101% таъмин карда шудааст.
Интизор меравад, ки дар пайи фаъолшавии нерӯгоҳи "Роғун", Тоҷикистон на танҳо талаботи дохилиро қонеъ хоҳад кард, инчунин ба содиркунандаи асосии нерӯи сабз дар минтақа табдил хоҳад ёфт.
Ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар 6 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 141,6 млн кВт-соат зиёд гардида, дар маҷмӯъ ба 1 млрд 56,5 млн кВт-соат баробар шуд.
Лентаи хабарҳо
0