Русҳо ба таври оммавӣ ба Тоҷикистон мешитобанд

© Sputnik Душанбе
Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар тобистони соли 2022 арзиши чиптаҳо ба ҷумҳурӣ қариб 50% арзон шуд. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое барои саёҳат аст, ки дар он сафарҳо қимат намешаванд
ДУШАНБЕ, 1 август — Sputnik. Тоҷикистон дар тобистони соли 2022 дувумин кишвари маъруфтарин барои саёҳати русҳо шуд. Дар ин бора маълумоти хадамоти таҳлилии сафарҳо ва сайёҳони "Tutu.ru" шаҳодат медиҳанд.
Ҳиссаи мусофироне, ки ба ин хатсайр чипта харидорӣ кардаанд, тақрибан 17,7 фоизро ташкил дод. Нархи миёнаи чипта ба ҷумҳурӣ ба 10,1 ҳазор рубл расид, ки нисбат ба соли 2021 49% камтар аст.
"Талабот ба кишварҳои хориҷи наздик бештар ба Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Беларус аст", - таъкид кардааст Tutu.ru.
Тавре ки аз рӯйхат дида мешавад, дар тобистони соли ҷорӣ Қирғизистон дар байни самтҳои ҳавоии Русия дар ҷои аввал қарор гирифт. Барои истироҳат ба ин кишвар 17,9% мусофирон рафтаанд.
Нархи чипта ба ин кишвар дар муқоиса бо соли 2021 21% афзуда, ҳудуди 10,5 ҳазор рублро ташкил додааст.
Ба даҳ самти машҳуртарини ҳавоӣ Гурҷистон, Исроил ва Туркия шомиланд. Нархи чиптаҳо ба ин кишварҳо низ боло рафтааст.
10 сокровищ Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Ганҷҳои Тоҷикистон: 10 макони тамошобоб барои сайёҳон
Арзиши сафар ба Исроил махсусан хеле баланд шуда, нархи чипта дар муқоиса бо соли 2021 181% афзуда, ба 42,9 ҳазор рубл расид.
Русҳо барои сафар ба Туркия ҳудуди 30 000 рубл пардохт мекунанд. Нархи билети ин хатсайри ҳавоӣ 139% гарон шудааст.
Нархи чиптаҳо ба Гурҷистон дар соли 2022 нисбат ба соли қабл 43% гарон шуда, қариб 27 ҳазор рублро ташкил дод.
"Тақрибан 88% парвозҳо дар тобистони имсол дар дохили Русия ва 12% дар хориҷа анҷом дода мешаванд", - хулоса карданд намояндагони ширкат.
Қобили зикр аст, ки қимати сафар дар ҳама самтҳои маъмул, ба ҷуз аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Белорус боло меравад.
Лентаи хабарҳо
0