Савдои амволи "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" дар чӣ ҳол қарор дорад?

© Sputnik Амир ИсаевТаджиксодирот банк, архивное фото
Таджиксодирот банк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Фурӯши амволи "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", ки сарчашмаи барқарорсозии пули мизоҷону давлат арзёбӣ шуда буд, суст ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таваҷҷуҳи харидорон ба амволи бонкҳои барҳамхӯрдаи "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро кам арзёбӣ намуд.
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, зимни 19 музояда бархе дороиҳои ин бонкҳо фурӯхта шудаанд, аммо ба боқимонда таваҷҷуҳ кам аст. Аз ҷумла зикр шуд, ки биноҳои ""Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-и собиқ суст ба фурӯш рафта истодаанд.
Қодирзода таъкид намуд, ки корбарӣ дар ин самт идома дорад. Дар маҷмуъ ба иттилои ин ниҳод аз ҳисоби хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Тоҷикистон 12,1 млн сомонӣ ба буҷаи давлат ворид карда шудааст.
Глава Амонатбанка Сироджиддин Икроми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Созмонҳои ҷаҳонӣ мехоҳанд, "Амонатбонк" хусусӣ шавад, аммо раис мегӯяд, зарур нест
Маврид ба зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои ду бонки бузург - "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" моҳи майи соли гузашта бозхонд карда буд. Гарчанде давлат барои ин ду бонк маблағ ҷудо намуда буд, аммо вазъи молияшон беҳбуд наёфта буд.
Аз ҷумла ҳукумат моҳи декабри соли 2016 барои сармоякунонии ин ду бонки мушкилдор, ҳудуди 3,3 млрд сомонӣ - ба андозаи 2,25 млрд сомонӣ барои "Тоҷиксодиротбонк" ва беш аз 1 млрд сомонӣ барои "Агроинвестбонк" равона карда буд.
Дар пайи бозхонди иҷозатномаҳои ин бонк ҳукумат қарор карда буд, ки пули давлат тавассути ба тавозуни давлат қабул кардани дороиҳо ва молу мулки ҷамъиятҳои саҳомии "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк” ва фурӯши онҳо анҷом дода шавад.
Таъкид шуда буд, ки бо мақсади таъмини уҳдадориҳо аз рӯи коғазҳои қиматноки давлатӣ, дороиҳои ҶСК "Тоҷиксодирот­бонк" ва ҶСК "Агроинвестбонк" тибқи рӯйхат ба Вазорати молия ҳамчун амволи гарав пешниҳод карда шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0