Суғд: Ҳабси 11 нафару муҷозоти 62 тани дигар барои насупоридани алимент

Наручники на двери клети - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд гуфтанд, ки ин гурӯҳи ашхос барои пардохти маблағи ҳаққи фарзандони худ (алимент) саркашӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Амонзода Алиҷон Собир, сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд, зимни баргузории нишасти матбуотӣ муҷозот ва татбиқи ҷазои ҳабси нафароне, ки уҳдадории худро назди фарзандонашон иҷро накардаанд шарҳ дод.
Ӯ, гуфт, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ бо сабаби сари вақт пардохт накардани маблағи алимент барои фарзандони худ алайҳи чанд нафар ҷазои ҳабсӣ ва муҷозоти ислоҳӣ татбиқ карда шудааст.
“Дар ин давра аз ҷониби иҷрочиёни Раёсати Хадамоти иҷро дар нисбати 121 нафар, ки аз пардохти маблағи алимент саркашӣ варзидаанд, пешниҳодҳо ба мақомоти прокуратура ирсол гардида аз ин теъдод 73 маврид қонеъ гардонида шуда, нисбати 11 нафар ҷазои маҳруми аз озодӣ, ба 61 нафар корҳои ислоҳӣ ва алайҳи 1 нафар ҷарима татбиқ карда шудааст” - иттилоъ дод, сардори Раёсат.
Амонзода Алиҷон Собир дар ҳоле нисбати 41 “фарзандгурез” кофтуков қонунӣ эълон шудааст, ки ин теъдод сокинон дар пардохти алимент барои фарзандони худ қарздоранд, вале макони зисти онҳо номаълум аст.
Подпись документа. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Раисон дар Суғд беш аз 1,7 ҳазор қарору фармони ғайриқонунӣ содир кардаанд
Бино ба иттилои сардори Раёсати Хадамоти иҷро, аз соли 2020 ба ин тараф дар назорати кормандони Раёсати иҷро дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар умум 22 ҳазору 839 адад истеҳсолоти иҷрои судӣ вобаста ба рӯёнидани маблағи алимент мавриди иҷроиши давравӣ қарор доранд.
Солҳои қаблӣ кормандони Идораи Хадамоти иҷро, барои рӯёнидани алимент чандин муҳосиботи (бухгалтерия) ҷойи кории қарздоронро мавриди санҷиш қарор дода буданд.
Соли 2018 ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид карда шуд ва бар асоси он минбаъд нисбати волидоне, ки барқасдона аз таъминоти фарзандон саркашӣ мекунанд, тибқи моддаи 177 корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз 120 то 180 соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ҷазо таъин карда мешавад.
Тибқи қонунгузорӣ пардохти алимент то 18 солагии фарзанд ҳатмӣ буд, дар сурати зам шудани 1500 сомонӣ қарзӣ алимент, ин асос барои оғоз намудани парвандаи алайҳи алиментсупоранда мегарадад.
Лентаи хабарҳо
0