Аз афзоиши гардиши мол то масоили Афғонистон: мулоқоти Раҳмон бо Ван И

© Пресс-служба Президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон и Глава МИД КНР Ван И
Президент РТ Эмомали Рахмон и Глава МИД КНР Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо вазири умури хориҷаи Чин масоили мухталифи ҳамкорӣ аз ҷумла равобити тиҷорӣ ва масоили Афғонистонро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон дар дидор бо Ван И, вазири хориҷаи Чин дар шаҳри Душанбе таъкид кард, ки дар нимаи аввали соли равон гардиши мол миёни ду кишвар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан ҳаштоду ду дарсад афзоиш ёфта, беш аз нуздаҳ дарсад аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карданд.
Зимни суҳбат кишвардори Тоҷикистон рушди босуръати муносибатҳои дӯстона ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ҳарду кишварро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид намуда, зикр карданд, ки “Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои наздик буда, мо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои зичи бисёрҷанбаи ду кишвар дар ҳама шаклҳо ҳавасмандем”.
“Аз сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамчунин дар соҳаи амният изҳори қаноатмандӣ карда шуд”, - зикр кардааст манбаъ.
Чин яке аз шарикони бузургтарини тиҷоратӣ ва сармоягузори Тоҷикистонро мебошад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Раҳмон вазъи иқтисодии кишварҳои шарики Тоҷикистонро ноустувор хонд
Дар ин замина зарурати андешидани тадбирҳо барои баланд бардоштани суръати муқарраршудаи рушди тиҷорат ва пешбурди минбаъди он таъкид карда шуд.
Дар ин робита ҷонибҳо роҳҳои рушди минбаъдаи робитаҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, “технологияҳои сабз” ва нақлиёт, аз ҷумла роҳандозии содироти маҳсулоти Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти кишоварзиро ба бозорҳои Чин баррасӣ карданд.
“Ба ҷониби Чин барои ҷудо намудани вояҳои нави ваксина бар зидди бемории сироятии коронавирус изҳори миннатдорӣ карда шуд”, - илова кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар сиғаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷонибҳо ба ҳамёрӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла, рӯзномаи ҷаласаи қарибулвуқӯи сарони давлатҳои ин созмон, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Эмомали Рахмон президент РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Раҳмон: Бо вуҷуди таъсири буҳронҳои иқтисодиву сиёсии рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид
Ҳамзамон ба масъалаҳои муборизаи минбаъдаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, киберҷиноят ва дигар таҳдидҳои амниятӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон ҷонибҳо дар ин дидор ба вазъи кунунии Афғонистон ва дурнамои рушди он табодули афкор карданд.
Лентаи хабарҳо
0