Уфти қурби рубл: дар бозори арзи Тоҷикистон чӣ мегузарад?

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры, пластиковые карты
Денежные купюры, пластиковые карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Обуна шудан
Қурби рубл коҳишёбиро аз поёни ҳафтаи қаблӣ оғоз карда, онро идома медиҳад. Ин асъор тайи рӯзҳои истироҳатӣ беш аз ду сомонӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 164 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ барои 1000 рубл 166,2 сомонӣ медоданд.
Асъори аврупоӣ бошад, баръакс сар аз ҳафтаи қаблӣ нишондоди мусбатро давом медиҳад. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 10.4528 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ қурби евро 10.4317 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ ҳафтаро бидуни тағйир оғоз кард. Ҳоло дар кишвар як доллар 10.2664 сомонӣ арзиш дорад.
Дар мавриди қурби қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, Бонки миллӣ иттилоъ додаст, 1 доллари ИМА аз 10.2664 то 10.2600 сомонӣ, 1 евро аз 10.4574 то 10.5000 сомонӣ, 1 рубли русӣ аз 0.1640 то 0.1665 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
 Сироджиддин Икроми глава Аманатбонка Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Шарҳи бонкдор дар бораи сарусадоҳо атрофи доллар ва тавсия ба сокинон
Дар зимн ин ниҳод ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Раванди устуворшавии пули миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран Сироҷиддин Икром, раиси "Амонатбонк" гуфт, таваҷҷуҳ ва эътимоди аҳолӣ ба сомонӣ бештар шудааст.
"Ҳатто нафароне буданд, ки дар бонк пасандози долларӣ доштанд ва он фоиз дошт, аммо аз баҳри фоиз ҳам гузаштаву асъорро иваз карда пасандози сомонӣ гузоштанд", - гуфт ӯ.
Гуфта мешавад, ин бонк танҳо дар ним сол беш аз 2,5 миллиард сомонӣ зиёд ба муомилот баровардааст, ки боз ҳам кам аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба сомонӣ бештар таваҷҷуҳ кардаанд, афзуданд масъулини "Амонатбонк".
Лентаи хабарҳо
0