ИМА раҳбари "Алқоида"*-ро дар Афғонистон куштааст

© AP / Mazhar Ali Khan, FileАйман аз-Завахири. Архивное фото
Айман аз-Завахири. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2022
Обуна шудан
Дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористии Амрико дар Афғонистон яке аз раҳбарони "Алқоида" * Айман Аззавоҳирӣ нобуд карда шуд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Кобул ҳамлаи ҳавоиро бомуваффақият анҷом дод ва раҳбари "Алқоида"* Айман Аззавоҳириро куштааст. Дар ин бора Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар як паёми вижаи телевизионӣ ба ҳамватанонаш изҳор дошт.
Вай тавзеҳ дод, ки ҳангоми ҳамла ба Айман Аззавоҳирӣ имкон шуд, ки аз талафоти ҷонӣ дар миёни мардуми осоишта ҷилавгирӣ кард, зеро ба террорист бо нишони дақиқ зарба зада шуд.
Ин ҳамларо ду мушаки "Hellfire" ("Дӯзах") анҷом додааст, ки аз ҳавопаймои бесарнишин ба балкони як хона дар Кобул партоб шудаанд, ки дар ин вақт худи Завоҳирӣ дар он ҷой буд.
Тибқи иттилои расмӣ, касе аз аъзои хонаводаи раҳбари террорист осеб надидааст.
Вооруженные боевики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
Таҳдиди ба ҳамсояҳо: шумораи даҳшатноки террористон дар Афғонистон ошкор шуд
Байден ёдовар шуд, ки раҳбари қатлшудаи "Алқоида"* дар куштор ва хушунат алайҳи шаҳрвандони Амрико, низомиён, дипломатҳо ва манфиатҳои Амрикоро даст доштааст.
Раҳбари Амрико ҳамчунин гуфт, ки аз ин ба баъд адолат рӯ зад ва Амрико ҳаргиз намегузорад, ки Афғонистон дубора ба паноҳгоҳи террористон табдил ёбад. Амалиёти гузарондашуда далели равшани ин аст.
"Чӣ қадар тӯл кашад, новобаста аз он ки шумо дар куҷо пинҳон мешавед. Агар ба мардуми мо таҳдид кунед, ИМА шуморо пайдо ва нобуд мекунад", - гуфт ӯ.
Президент таъкид кард, ки ҳукуматдорон минбаъд ҳам бодиққат назорат мекунанд ва ба таҳдидҳои "Алқоида*, ки аз куҷо меоянд, чавоб хоҳанд дод.
Маълумоте ҳаст, ки Иёлоти Муттаҳида толибонро аз амалиёти маҳв кардани раҳбари террористҳо дар Кобул ҳушдор надодааст, аммо интизор меравад, ки муколама бо ҷунбиш идома ёбад.
Ёдовар мешавем, ки Завоҳирӣ баъди аз байн бурдани Усома бин Лодин дар Покистон дар соли 2011 раҳбарии "Алқоида"*-ро бар уҳда дошт. Ӯ ҳамчунин масъули ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 ба Иёлоти Муттаҳида дониста шуд.
Аз он вақт инҷониб ӯ дар фирор буд. ИМА барои маълумот дар бораи макони будубоши ӯ 25 миллион доллар ҷоиза пешниҳод карда буд.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0