Раҳмон аз иштироки Бригадаи десантӣ дар нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ гуфт

© Пресс-служба Президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар тамрингоҳи Фахробод гуфт, Бригадаи десантӣ дар аксари амалиётҳои махсуси нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ иштирок доштааст
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон зимни суханрониаш ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии артиши кишвар гуфт, тайи 25 соли мавҷудияти ин сохтори низомӣ дар бисёр амалиётҳои махсуси безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки бо дасисаву дастгирии хоҷагони хориҷии худ мехостанд вазъи кишвар ва ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд, иштирок кардаанд.
“Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки десантчиёни Тоҷикистон рисолати касбӣ ва қарзи фарзандии худро дар назди давлату миллат то ба имрӯз содиқона ва сарбаландона иҷро намуданд”, -гуфт вай.
Таджикские солдаты на построении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Нақшаи ҷалби наваскарон ба артиш иҷро шуд: Даъвати ҷавонон ба комиссариат идома меёбад
Ҳамчунин вай афзуд, ки ин Бригада дар ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва амнияти шаҳрвандони кишвар ҷасорату корнамоиҳои зиёд нишон додааст.
“Дар ҷараёни муҳорибаҳо ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва ҳимояи сохти конститутсионӣ даҳҳо нафар афсарону сарбозони неруҳои десантӣ ҷони худро аз даст доданд, ки хотираи неки онҳо ҳаргиз аз ёди мо фаромӯш нахоҳад шуд”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон илова кард, ки ҳукумати кишвар хизмати содиқонаи ҳайати шахсии Бригадаи десантиро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва то ба ҳол зиёда аз 40 нафар афсарону сарбозон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0