Раҳмон ба тамрингоҳи ҳарбии Фахробод рафт: сабаб

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон в ходе рабочей поездки в район Сангвор
Эмомали Рахмон в ходе рабочей поездки в район Сангвор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарвари давлат ба тамрингоҳи ҳарбии ҷанубӣ, воқеъ дар ҳудуди вилояти Хатлон рафта, кори Бригадаи десантии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро тафтиш кард
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Фармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон ба тамрингоҳи низомии вилояти Хатлон рафт.
Ӯ дар таҷлили 25-умин солгарди таъсиси бригадаи десантии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ширкат варзида ва шахсан низомиёнро бо Рӯзи Қӯшунҳои десантии ҳавоӣ дар тамрингоҳи Фахробод табрик гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Раҳмонро раҳбари Вазорати дифоъ генерал-полковник Шералӣ Мирзо пешвоз гирифт.
Министр обороны Таджикистана Шерали Мирзо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2022
Таъйини 200 афсар ба вазифаҳои гуногун дар сохтори қудратии Тоҷикистон
Вай президентро ба омодагии ҷангӣ ва тамоми техникаи муосири вазнини ҳарбӣ, аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро нишон дода, бо кору зиндагии тамоми тамрингоҳҳо шинос кард.
Ба президент инчунин дар бораи хусусиятҳои тактикӣ ва техникии мошинҳои ҷангии "Ураган", тупҳои худгард, техникаи махсуси муҳандисӣ, миномётҳо ва ғайра маълумот дода шуд.
Гуфта мешавад, ки дар сурати сар задани бӯҳрони низомӣ ё изтирорӣ таҷҳизоти заруриро ба зудӣ ба минтақаҳои зарурӣ интиқол додан мумкин аст.
Ёдовар мешавем, ки қисми бригадаи ҳамлаи ҳавоӣ дар тамрингоҳи ҳарбии Фахробод мустақар буда, дар ин макон барои тайёр кардани десантчиёни ҷавон маркази таълимй мавҷуд аст.
Лентаи хабарҳо
0