Дурнамо ва тағйири сатҳи таваррум дар соли 2022

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки сатҳи таваррум дар моҳи июни соли 2022 ба 0,2 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба моҳи қаблӣ 0,5 банди фоизӣ кам мебошад
Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ аз омилҳои гуногуни берунӣ низ вобаста аст.
Иддаои раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди ҳифзи сатҳи таваррум дар доираи нишондоди пешбинишуда дар ҳолест, ки таваррум дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ каме афзоиш ёфтааст.
Тибқи гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, таваррум дар ҷумҳурӣ тайи 6 моҳи аввали соли равон дар нисбат ба ҳамин давраи сол гузашта 0,2% зиёд гашта, 4,1%-ро ташкил дод.
Пешгӯии Бонки миллӣ дар бораи сатҳи таваррум то охири сол
Манбаъ тавзеҳ дод, ки сатҳи таваррум аз ҳисоби афзоиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 7% ва маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи 2,3% зиёд гашт.
Ҳукумати кишвар сатҳи таваррумро дар соли ҷорӣ дар сатҳи 6% пешбинӣ кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар нимсолаи аввал суръати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон 1,3% коҳиш ёфта, ба 7,4% баробар шуд.
Дар ҳамин ҳол, Бонки АвруОсиёии Рушд дар гузориши ахири худ навиштааст, ки то охири сол сатҳи таваррум дар 11,5 дарсадро ташкил хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0