Дар Тоҷикистон бештар занони вилояти Суғд худкушӣ мекунанд. Чаро?

© Pixabay / HASTYWORDSТаблетки, архивное фото
Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон бештарин ҳолатҳои худкушӣ дар вилояти Суғд сар мезанад. Раиси Кумитаи занон тайи як нишасти хабарӣ шарҳ дод, ки чаро чунин аст
ДУШАНБЕ, 2 авг— Sputnik. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳолатҳои худкушии занон коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора, Ҳилолбӣ Қурбонзода, роҳбари Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар зимни нишасти хабарияш иттилоъ дода гуфт, ки тибқи оморҳо дар ин муддат 108 ҳолати худкушии занон сабт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 50 ҳолат камтар аст.
Номбурда вз сатҳи худкушӣ дар шимоли кишвар изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ ҳолатҳои худкушӣ занони Суғдро бештар ба бемории рӯҳӣ рабт дод.
"Солҳои тӯлонӣ аст, ки дар вилояти Суғд худкушии занон бештар рух медиҳад. Сабабаш муноқишаҳои оилавӣ ва бештар аз ҳама бемории рӯҳӣ мебошад",- гуфт ӯ.
Мавсуф тавзеҳ дод, тибқи оморҳое, ки ниҳоди онҳо дастрас мекунад, дар бештари ҳолатҳо маҳз касалии рӯҳӣ сабаби худкушии занон мегардад.
Панорама города Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Ҳодисаи мудҳиш дар Суғд: модаре худу кӯдаконашро ба Сирдарё андохт
Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти сатҳи вилоят низ аз афзоиши мизони худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ миёни ноболиғон дар минтақа изҳори нигаронӣ доранд.
Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи Суғд зимни нишасти хабарияш гуфт, ки зарфи шаш моҳ дар шимоли кишвар 16 чунин ҳодисаи ба қайд гирифта шудааст, ки 11 ҳолат нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд аст.
Ба иттилои манбаъ, чунин ҳодисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан-4, Деваштич ва Ҷаббор Расулов 3-нафарӣ, Бобоҷон Ғафуров-2, Гулистон, Зафаробод, Конибодому Мастчоҳ 1-нафарӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0