Баррасии таҳияи феҳрасти ягонаи гурӯҳу ҳаракатҳои террористӣ ва экстреместӣ дар СҲШ

© Фотохост-агентство sco-russia2020.ruЭмблема ШОС на блокноте
Эмблема ШОС на блокноте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Душанбе таҳияи феҳристи ягонаи гурӯҳ, ташкилот ва дигар ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ҷудоихоҳ дар қаламрави кишварҳои СҲШ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар дидор бо Руслан Мирзаев, мудири Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақаии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай дар бораи муборизаи давлатҳои узви СҲШ бо “се зуҳурот” – терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ табодули афкор намуданд, иттилоъ додааст Вазорати хориҷа.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мулоқоте, ки дар пойтахти Тоҷикистон сурат гирифт, тарафҳо масоили марбут ба коркарди рӯйкардҳо ҷиҳати таҳияи феҳристи ягонаи гурӯҳ, ташкилот ва дигар ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узв манъ гардидааст, муҳокима шуд.
Дар ҳамин ҳол, Сироҷиддин Муҳриддин Руслан Мирзаевро ба муносибати таъйин шуданаш ба вазифаи Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ табрик гуфт.
Флаги стран-участников ШОС. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2022
Ҳамоиши ҳамоҳангсозони СҲШ дар Тошканд: омодагӣ ба мулоқоти вазирону президентҳо
Вазири хориҷа дар ин дидор омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидати ҳамаҷониба ҳангоми иҷрои вазифааш иброз намуд.
СҲШ як созмони байнулмилалӣ аст, ки соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Кишварҳои нозир дар СҲШ Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, ҳамзамон кишварҳои шарики Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0