Коршинос гуфт, сохтмонҳои Русия кадом муҳоҷиронро интизоранд

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузаштан ба хазинаи аксРабочий во время строительства многоквартирного жилого дома
Рабочий во время строительства многоквартирного жилого дома  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Соҳаи саноат асосан ба коргарони оддӣ эҳтиёҷ дорад, аммо дар айни замон категорияҳое ҳастанд, ки дар сохтмонҳо ҳамеша серталабанд
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Русия соли сеюм аст, ки мавзуи нарасидани кадр дар соҳаи сохтмон муҳим боқӣ мемонад, менависад bfm.ru.
Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло шумораи коргароне, ки дар сохтмонҳо кор мекунанд аз 5 то 7 миллион нафарро ташкил медиҳанд.
Дар баробари ин дар давоми 10 соли охир шумораи бинокорон аз 50% ба 20-30% кам шуд. Ин чунин маъно дорад, ки то 80 фоизи коргарон аз рӯи шартномаи меҳнатии мӯҳлатнок ё вахта кор мекунанд.
Ба гуфтаи ноиби президенти ширкати "Гранел" Александр Кушнарев, ҳиссаи муҳоҷирони корӣ аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар маҷмӯъ дар ҳамон сатҳ боқӣ мондааст.
Строители на стройке нового дома  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Ҳуснуллин: Сохтмонҳо дар Русия камбуди муҳоҷиронро эҳсос карданд
Ба ақидаи ӯ, даст кашидан аз хориҷиён ҳанӯз мушкил аст, вале бештари ширкатҳо самти ҷалби кадрҳои ватаниро таҳия мекунанд.
Мутахассис қайд мекунад, ки вақтҳои охир нарасидани қувваи корӣ дар саноат кам шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз дар тобистон талабот ба коргарон ҳамеша зиёд мешавад.

"Имрӯз ба мутахассисон оид ба сангфарш ва васлкунии фасадҳо талабот зиёд аст. Ҳоло авҷи мавсими сохтмон аст ва талабот ба чунин корҳо зиёд аст, аз ин рӯ арзиши онҳо, бахусус аз апрел то октябр давом мекунад, ба андозаи 15-20% зиёд мешавад", - гуфт Кушнарев.

Вай ҳамчунин қайд кард, ки шумораи технологияҳои рақамӣ афзоиш ёфта, дар сохтмон ҳарчи бештари онҳо истифода хоҳанд шуд.
Зимнан, мутахассис қайд намуд. ки ба талабот ба кадом коргарҳо бештар аст:
кафшергари барқию газӣ;
васлгар;
васлгари барқ;
бетонрез;
коргарон, ки онҳоро кадрҳои пастихтисос меноманд.
Лентаи хабарҳо
0