Оғози дарсҳои мутобиқшавии хонандагони синфҳои як дар мактабҳои Тоҷикистон

школьницы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод, ки дарсҳои мутобиқшавии хонандагони синфи як дар кишвар аз 1 августи соли равон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Манбаъ аз вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, хонандагоне, ки имсол дар Тоҷикистон ба синфи 1 мераванд, аз якуми август ба рафтани мактаб оғоз карданд.
Вазорат хабар дод, ки хонандаҳои синфи як барои мутобиқшавӣ ба барномаҳои таълимӣ ба мактаб пештар ҷалб карда мешаванд.
Манбаъ қайд кард, ки давраи мутобиқшавии мактабхонҳо синфҳои як тақрибан то 20 август тӯл мекашад, чун ҳар макаб тибқи имкону шароити худ барномарезӣ мекунад.
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Муаллимони муҳоҷир ба мактаб баргаштаанд
Манбаъ гуфт, баъд аз гузаштани ин гуна дарсҳои мутобиқшавӣ макатаббачаҳои синфи як мисли хонандагони дигари мактабҳо 1 сентябр дар Рӯзи дониш ба таҳсил оғоз мекунанд.
Бояд гуфт, ки расман дар саросари Тоҷикистон соли хониш аз 1 сентябр оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон соли хониши 2021-2022 рӯзи 1 сентябр оғоз шуда буд. Соли гузашта ба мактабҳои Тоҷикистон тақрибан 240 ҳазор кӯдак бори нахуст ба мактаб рафт.
Дарси аввали онҳо дар ҳамаи мактабҳоикишвар - Дарси сулҳ буд.
Лентаи хабарҳо
0