Қосим Роҳбар гуфт, зарфи шаш моҳ дар Ҳисор чӣ ободонӣ кардааст

© Sputnik Амир ИсаевКосим Рахбар. Архивное фото
Косим Рахбар. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба таъкиди раиси шаҳри Ҳисор, то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ин шаҳр бунёди 1626 бино дар назар аст
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар зарфи шаш моҳи соли 2022 дар шаҳри Ҳисор 2 818 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора раиси ин шаҳр, Қосим Роҳбар зимни ҷамъбасти шаш моҳаи фаъолияти худ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба таъкиди Қосим Роҳбар, таъмини пешрафти устувори иқтисодии шаҳр 102,9% иҷро гардидааст.
Ӯ гуфт, то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барномаи мукаммале тартиб дода шудааст, ки мувофиқи он бунёди 1626 иншоот то ҷашн дар назар дошта шудааст.
"Дар самти саноат дар шаҳр дар давраи ҳисоботӣ танҳо корхонаи “Ваҳдат – Текстил” 279,8 тонна ресмони пахтагин истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 261,9 тонна ё 15,6 баробар зиёд аст", - таъкид намуд раиси ноҳияи Ҳисор.
Ҳамзамон, Қосим Раҳбар тасмим дорад, ки корхонаеро дар самти коркарди партобҳои маишӣ дар шаҳр бунёд созад.
Строительство аквапарка в Варзобе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Бунёди беш аз 1500 бинои нав дар Ҳисор то ҷашни 35-солагии истиқлол
Ёдовар мешавем, Қосим Роҳбар моҳи январи соли равон боқарори роҳбари давлат ба мақоми роҳбарӣ дар шаҳри Ҳисор таъйин гардид.
Ӯ ки қаблан шаҳрдори Хуҷанд ва баъдан тайи 10 сол, аз соли 1996 то 2006 роҳбари вилояти Суғд, то соли 2015 дар мақоми вазири кишоварзӣ буд ва тайи 7 соли охир роҳбарии Кумитаи рушди маҳаллии назди раисҷумҳурро ба уҳда дошт.
Лентаи хабарҳо
0