Сели харобиовар дар Лахш замини наздиҳавлигӣ ва роҳро шуст

© КҲФОқибатҳои сел дар Тоҷикистон
Оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Обуна шудан
Бар асари ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. КҲФ аз шуста шудани роҳ ва зиён дидани заминҳои наздиҳавлигӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар деҳаи Пилдони ҷамоати деҳоти Пилдони миёнаи ноҳияи Лахш бар асари боронгариҳои кутоҳмуддат сел омад, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, сел ба замини наздиҳавлигии сокинон зарар расонда, ҳамчунин 300 метр роҳро тахриб кард.
Манбаъ меафзояд, барои рафъ намудани паёмади офати табиӣ феълан дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият доранд.
КҲФ гуфт, селфароии Лахш дар пай талафоти ҷонӣ надошт.
Сход сели, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2022
Пешгӯии ҳавои номусоид дар Тоҷикистон: сел меояд
Омадани сел дар ноҳияи Лахш дар ҳолест, ки ин ниҳод бо такя ба маълумоти Оҷонсии ҳавошиносӣ хабар дод, ки дар Тоҷикистон аз 2 то 4 август дар манотиқи кӯҳистонӣ ва баландкуҳ омадани сели хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ имконпазир аст.
Ба иттилои манбаъ, ин пешгӯӣ ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Дар баъзе ноҳияҳои ин минтақа ҳаво нимаабрӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Лентаи хабарҳо
0