Сокини Истаравшан ҳамсари 27-солаи худро буғӣ карда кушт

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина душит девушку. Иллюстративное фото
Мужчина душит девушку. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршуда аллакай парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ӯро дар куштори инсон муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар шаҳри Истаравшан ҳодисаи одамкушӣ сабт гардидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, сокини 36-солаи ин шаҳр ҳамсари худро ба қатл расондааст.
Манбаъ иллати кушта шудани ҳамсар аз сӯи шавҳарро муноқишаи оилавӣ арзёбӣ кард.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи муноқиша, мард аввал бо дасту пой ба узвҳои муҳими бадани ҳамсараш зада ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонда, баъдан бо роҳи буғӣ кардан ӯро аз ҳаёт маҳрум намуд.
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Фоҷеа дар Деваштич: корманди Кумитаи заминсозӣ ду фарроши ин идораро куштааст
Дар ҳамин ҳол, ВКД меафзояд, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Бояд гуфт, тибқи ин модда ба боздоштшуда аз ҳашт то понздаҳ соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0