Дар Суғд 7 духтари тоҷик бо хориҷиҳо хонадор шудаанд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксРегистрация браков в необычных местах в День всех влюбленных
Регистрация браков в необычных местах в День всех влюбленных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бино ба иттилои идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ним соли охир бештар бо шаҳрвандони Ӯзбекистон хонадор шудаанд
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. САҲШ дар вилояти Суғд теъдоди ақди никоҳи шаҳрвандони минтақа бо хориҷиёнро эълон кард.
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 15 ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиён ва афроди бешаҳрвандӣ сабт шудааст, ки як ҳолат нисбат ба ин давраи соли 2021 кам мебошад.
Фараҳманд Нарзизода, сармутахассиси Идораи САҲШ дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи ин омор гуфт, ки дар ин давра 8 зани хориҷӣ бо шаҳрвандони вилояти Суғди Тоҷикистон ба шавҳар баромадаву теъдоди духтарони тоҷике, ки шавҳари хориҷӣ кардаанд, ба 7 нафар мерасад.
Дар байни домоду арӯсҳои хориҷӣ, ки бо сокинони вилояти Суғд издивоҷ кардаанд, аз ҳама бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд.
Свадебный букет и туфли - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Аввал табобат, баъд тӯй: ташхиси пеш аз издивоҷ беморони рӯҳӣ ва СПИД-ро ошкор кардааст
Тибқи омори ин ниҳод, издивоҷ бо хориҷиён дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва Хуҷанд бештар ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин давра 15 мавриди бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ сабт шудааст, ки аз ин миён 9 ҳолати бастани ақди ниқоҳ бо шаҳрвандони Ӯзбекистон сурат гирифтааст.
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар умум дар вилояти Суғд 8 ҳазору 40 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ин давраи соли 2021, 1 ҳазору 95 ҳолат кам будааст.
Аммо дар ин давра бекоркунии ақди никоҳ баръакс ба 2107 ҳолат зиёд шудааст, ки аз ин теъдод 7 ҳолат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳванд рост меояд. Давоми шаш моҳи соли 2021 дар умум 1959 ақди никоҳ бекор карда шуд буд.
Лентаи хабарҳо
0