Тоҷикистон ба бозори хориҷӣ маҳсулоти нав содирот кард

© Sputnik Глава Агентства по экспорту Таджикистана Шавкат Бобозода
Глава Агентства по экспорту Таджикистана Шавкат Бобозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Тоҷикистон аз нахустин мавриди содироти маҳсулоти нав, желатин ба хориҷ аз кишвар тайи як нишасти матбуотӣ хабар доданд
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Имсол бо иҷоззати ҳукумат, бори аввал аз Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар желатин содир шудааст, гуфт Шавкат Бобозода, мудири Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.
Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон 300 маҳсули саноатӣ содир мешавад, ки танҳо 10 намуд аз он 85 дарсади кулли содорити саноатии кишварро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, оқои Бобозода 9 то аз ин молҳоро аз қабили, тило, нахи пахта, алюмини аввалия, консентрати мис, руҳ, сурб, сурма, риштари пахтагин ва семент номбар кард.
Виноград сорта Шардоне на виноградниках  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Ангури Турсунзода ба Русия содирот мешавад
Ҳамчунин мудири Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки 10 маҳсулоти саноатӣ қариб 85 дарсади содироти тамоими маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад.
“Боқимонда 300 намуди маҳсулоти саноатӣ, ки аз Тоҷикистон содир мешавад ҳаҷми камро ташкил медиҳад”, - гуфт ӯ
Ҳамзамон Шавкат Бобозода аз 10 маҳсули кишоварзие ёдовар шуд, ки дар маҷмуъ 90 дарсади маҳсулоти содиротии кишоварзиро дар бар мегирад.
Вай гуфт, аз Тоҷикистон ба хориҷ пиёз, меваи хушк, сабзӣ, олӯ, ангур, зардолӯ, карам чормағзи заминӣ, тухм ва лимон содир мешавад.
Лентаи хабарҳо
0